Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 13:2606.09.2022
Дар натиҷаи таркиши мошини ҳомили газ дар роҳи Душанбе -Ҷаноқ дар маҷмӯъ 3 нафар ба ҳалокат расида 4 нафари дигар ҷароҳат бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Дар ин бора аз ширкати IRS ба Азия-Плюс хабар додаанд хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, хабарҳо дар бораи он, ки мошин ба автобуси "Asian Express" бархӯрдааст, нодурустанд.
Ҳамчунин ронандаи мошини ҳомили газ низ зинда ва дар беморхона аст.
"Мошини ҳомили газ зимни ҳаракат тормозаш аз кор монда ба ду мошин бархӯрдааст. Ҳалокшудагон ба гуфте тамошобинони ҳодисаанд. Дар байни ҳалокшудагон зан низ ҳаст, ки дар зери автобуси "Asian Express" монда фавтидааст", гуфтанд аз IRS .
Автобуси "Asian Express" ба ҷӯйбори (латок) лаби роҳ бархӯрдааст ва дар он, ки 17 меҳмони голандӣ будаанд, ҳама саломатанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷои ҳодиса намояндагони ҳамаи ниҳодҳои масъул қарор доранд ва тафтишот идома дорад.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
2 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
4 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
5 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
5 дня назад