Таркиш ва сӯхтори шадид дар шаҳри Тошканд

Сӯхтор то ҳол идома дорад ва барои хомӯш кардани он чархболи Вазорати мудофиаи Узбакистон ҷалб шудааст.


Таркиши шадид дар Узбакистон

Шаби 28 сентябр дар пойтахти Узбакистон шаҳри Тошканд таркиши шадид рух дод. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса соати 02:43 дар маҳаллаи “Бинокорон”-и ноҳияи Сергели рух додааст. Ба ҷойи ҳодиса фавран 16 гурӯҳи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ фиристода шуданд. Баъди таркиш сӯхтори шадид ба амал омад, менависад NOVA24.uz .

Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Узбакистон таркиш дар анбори ширкати “Интер логистикс” рух дода, ба ҷойи ҳодиса кормандони милиса аз Раёсати корҳои дохилии марказӣ, кормандони ВКД ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳозир шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое паҳн шуд, ки ин таркиш бар асари суқути ҳавопаймо рух додааст, вале Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбакистон ин хабарро расман рад карда, гуфтааст, таркиш дар ҳудуди анбор рух додааст.

Ҳодиса ба кори фурудгоҳи Тошканд таъсир нарасонд ва он бидуни маҳдудият кор мекунад.

Вазорати тандурустии Узбакистон соати 04:40 субҳ будани осебдидагони таркиш ва сӯхторро тасдиқ кард. Тибқи иттилои расмӣ то ҳол 30 нафар дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ ва филиали он дар вилояти Тошканд бистарӣ шудаанд. Гуфта мешавад, як навраси 15-сола ба ҳалокат расидааст.

Вазорати тандурустӣ итминон дод, ки ба осебдидагон ҳама гуна кӯмакҳои зарурӣ расонида шуда, барои ин захираҳо, доруворӣ ва табибон кофӣ мебошанд.

Мавҷи таркиш тирезаҳои биноҳои гирду атрофро шикаста, дар баъзеи онҳо ҳатто чаҳорчӯби тиреза ва дари хонаҳоро низ шикастааст.

Гуфта мешавад, мавҷи таркиш то ба шаҳри Нурафшон, 30 километр дуртар аз маркази таркиш расидааст.

Гуфта мешавад, сӯхтор то ҳол идома дорад ва барои хомӯш кардани он чархболи Вазорати мудофиаи Узбакистон ҷалб шудааст.