Шаҳрвандони Тоҷикистон барои одамрабоӣ дар Дубай маҳкум шуданд
Дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи одамрабоӣ ба зиндон маҳкум карданд.
Вебсайти thenationalnews.com бо такя ба парвандаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Дубай муҳокима шудаанд, рӯзи 17-уми август навишт, се ҷавони тоҷики аз 18 то 35-сола моҳи ноябри соли гузашта бо фармоиши як зани чинӣ яке аз ҳамватанони ӯро рабуда ва ғорат кардаанд.
Ба гуфтаи додгоҳ, шаҳрвандони Тоҷикистон марди чиниеро, ки аз ҳамватанаш 20 ҳазор дирҳам, муодили тахминан 5,5 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор будааст, рабуда ба канори шаҳри Дубай бурда ба ӯ таҳдид кардаанд.
Пулиси Дубай бо истифода аз сабти дурбинҳои назоратӣ шахсияти одамрабоёнро ошкор кардааст. Дар оғоз шаҳрвандони Тоҷикистон ба се соли зиндон маҳкум шудаанд, вале додгоҳи таҷдиди назар ҳукмро то шаш моҳи зиндон кутоҳ карда ва амр додааст, ки баъди адои ҳукм аз Дубай ронда шаванд.
Дубай ва бархе дигар шаҳрҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ макони маъмули сафару зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки бештар бо ҳадафи тиҷорату саёҳат ба ин кишвар мераванд.
Таркиш дар масҷиди Кобул дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт
Бар асари таркиши рӯзи 17 август дар як масҷид дар шимолу шарқи Кобул дасти кам 30 нафар кушта ва ҳудуди 40 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. ”Толибон” ҳоло ин ҳодисаро шарҳ надодаанд. Масъулияти ин ҳодисаро то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.
Тавре ки телевизиони Al Jazeera хабар медиҳад, таркиши пуршиддат ҳангоми намози шом дар масҷиди Кобул ба вуқуъ пайвастааст. Корманди хадамоти амният ба Al Jazeera гуфтааст, бар асари таркиш 20 нафар ҳалок ва боз 40 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ба иттилои Reuters, намояндаи хадамоти иктишофи ҳукумати толибон бо шарти ифшо нашудани ному насбаш зикр кардааст, ки таркиш дар масҷиди назди мавзеи Хайр Хон ба амал омада, имоми ин масҷид ҳам ҳалок шудааст.
Тавре ки Associated Press иттилоъ медиҳад, таркишро дар масҷиди Сиддиқия террористи маргталаб анҷом додааст.
Созмони ғайриҳукуматии итолиёвии Emergency изҳор доштааст, ки 27 нафар захмӣ шуда, се нафарашон ҷон бохтаанд.
Ёдрас мешавад, ки рӯзи 13 август ҳангоми таркиш дар шуъбаи Раёсати миллии омор ва иттилоот дар Кобул се кас ҳалок ва чанд тани дигар осеб диданд.
Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шевченкои Душанбе
Шурӯъ аз 19 август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко, аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ маҳдуд карда мешавад
Дар ин бора дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
“Бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко, аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 19 августи соли 2022 маҳдуд карда мешавад”, – омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.
Шаҳрдорӣ аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.
Дар Русия 33 ҳазор мавриди нави СОVID сабт шудааст
Дар Русия рӯзи 17-уми август 33 ҳазор мавриди сирояти бемории COVID сабт шудааст, ки омори баландтарин дар панҷ моҳи ахир аст.
Афзоиши теъдоди беморон дар ҳафтаҳои гузашта, сабаб шуд, ки мақомот ба мардум пӯшидани ниқоби тиббӣ ва гирифтани ваксинаи такрориро тавсия бидиҳанд.
Теъдоди беморони бистарӣ дар рӯзи 17-уми август бештар аз 3100 нафар будааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, аз замони оғози пандемияи COVID, ки соли 2020 дар ҷаҳон шуруъ шуд, дар ин кишвар 383 000 нафар ҷон додаанд.
Ба қавли мутахассисони мустақил мумкин аст, теъдоди ҷонбохтагон аз ин бемории сироятӣ чаҳор маротиба бештар аз омори расмӣ бошад.
Писари паҳлавони маъруфи тоҷикро дар куштор гумонбар медонанд
Писари гӯштингири маъруфи тоҷик, аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо аз Тоҷикистон Саидмумин Раҳимов ба гумони даст доштан дар куштор боздошт шуд. Саидаҳмад Раҳимови 22-сола ба куштани шиноси худ – сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Маҳаммадҷовид Зокирзода гумонбар дониста мешавад.
Дар ин бора дар барномаи навбатии телевизионии “Ахбори ВКД” маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Дар гузориши видеоӣ гуфта мешавад, ҳодисаи куштори Зокирзода рӯзи 5 август рух додааст.
“Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ва фавтида байни худ муносибатҳои молиявӣ доштаанд, – зикр шуд дар гузориш. – Қарзи пулӣ ба муноқиша бо анҷоми хунин боис гардид”.
Дар гузориш иттилоъ дода шуд, ки Муҳаммадҷовид Зокирзода бо 17 зарбаи корд кушта шудааст.
“Вақте гардани маро гирифт, дастонам кушода буданд. Чанд бор ӯро тела дода, лекин озод шуда натавонистам. То сар доданаш ба шикаму пойҳояш бо корд зарба задам. Вақте ки маро раҳо кард, дидам, ки хун равон аст. Инро дида гурехтам…”, – нақл мекунад дар навори видео худи Саидаҳмад Раҳимов.
Айни замон Саидаҳмад Раҳимов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин модда аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси якумра ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар бораи дигар ҷузъиёти ҳодисаи мазкур ВКД маълумот надод.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 17 август зимни мусоҳиба ба Радиои Озодӣ, модари ҷавони кушташуда Матлуба Ғаниева дар ин робита изҳор намудааст, ки писараш ба тиҷорат машғул буд ва ҳамон рӯз бояд ба Туркия барои маҳсулот парвоз мекард.
“Ҳамон рӯзе, ки мурдаи писарамро оварданд, соати 1 ё 2 бачаи ман билет дошт, бояд мерафт Туркия. Хайрухуш кард. Ба рафиқаш, ки ҳамсинф низ ҳастанд, гуфт, пулро дода наметавонистӣ, мегуфтӣ наметавонам. Рафиқаш ваъда дод, ки медиҳам, рафтем хонаи хусурам. Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст”, – гуфтааст модари Муҳаммадҷовид.
Саидмумин Раҳимов (1946-2009) аввалин гӯштингир аз Тоҷикистон аст, ки ба унвони қаҳрамон ҷаҳон оид ба самбо дар соли 1975 шарафёб гардид. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳозир номи ӯро дорад.