Чойхонаи “Роҳат”, яке аз маконҳои маъруф ва ҷаззоби шаҳри Душанбе, соли 1958 таъсис ёфта, тӯли даҳсолаҳо макони дӯстдоштаи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон буд.
Дар аввали моҳи марти соли 2025 аз байн бурдани ин ёдгории меъморӣ оғоз ёфт. Чойхона бо омезиши беназири модернизми шӯравӣ ва меъмории миллии тоҷик солҳои тӯлонӣ рамзи шаҳр ва макони истироҳат, муошират ва лаззат аз таомҳои миллӣ буд.
Таърихе, ки дар меъморӣ таҷассум ёфтааст
Чойхонаи “Рохат” дар ҷои гулгаште сохта шудааст, ки ба “Театри сабз”-и тобистона мебурд. Сохтмони он соли 1956 оғоз ёфта, моҳи июни соли 1958 ба анҷом расид.
Меъморон Константин Терлетский ва Даниил Гендлин якҷоя бо устои халқӣ Мирзораҳмат Алимов лоиҳаи беназиреро таҳия карданд, ки дар он анъанаҳои шарқӣ ва рӯҳияи он давра ба ҳам тавъам шуда буд. Бо илҳом аз таърихи санъати тоҷикон, меъморон анъанаҳои ҳунармандии маҳаллиро барои ороиши бино, аз ҷумла кандакорӣ, қолинбофӣ ва наққошӣ истифода бурданд.
Чойхона бо истифода аз унсурҳои хоси фарҳанги тоҷик бо услуби миллӣ оро ёфта буд. Сутунҳои баланд, сақфҳои наққошишуда, ороишҳои ҷилонок ва мозаика аз шишаи ранга, ки дар рӯзҳои офтобӣ дохили онро бо нур ва ранги ҷаззоб пур мешуд. Ин шоҳасари меъморӣ на танҳо ба ҷои чойнӯшӣ, балки ба рамзи дӯстӣ, ваҳдат ва меҳмоннавозӣ табдил ёфта буд.
Чойхона ҳамчун падидаи фарҳангӣ
Аз лаҳзаи ифтитоҳ, “Роҳат” зуд дар байни сокинони маҳаллӣ маъруфият пайдо кард ва ба маркази фарҳангии Душанбе табдил ёфт. Дар ин ҷо вохӯриҳои шахсиятҳои маъруф, гуфтушунидҳои корӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва инчунин сӯҳбатҳои дӯстона баргузор мешуданд.
Чойхона ба ҷое табдил ёфта буд, ки одамон барои як пиёла чой ҷамъ омада, хабарҳои охиринро муҳокима мекарданд, ғояҳои навро мубодила мекарданд ва ё танҳо истироҳат мекарданд.
Деворҳои он шоҳиди ҳузури ҳам одамони одӣ ва ҳам меҳмонони баландмақом ба мисли Хо Ши Мин, Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов шуданд. Вақт дар як ҷо намеистод, аммо фазои дар “Рохат” ҳукмрон бетағйир монда буд. Ин макон рамзи ҳақиқии Душанбе, инъикоси ҳам фарҳанги анъанавӣ ва ҳам рӯҳияи модернизми замони шӯравӣ гардида буд.
Арзиши меъморӣ ва эътироф
Бинои чойхонаи “Рохат” на танҳо таваҷҷуҳи сокинони маҳаллӣ, балки ҷомеаи ҷаҳонро низ ҷалб карда буд. Дар соли 2017, Шабакаи телевизионии амрикоии CNN онро ба рӯйхати 11 чойхонаи беҳтарини ҷаҳон дохил кард, ки на танҳо таомҳои машҳури он, балки арзиши меъмории онро низ қайд намуд.
Чойхона на танҳо ёдгории меъморӣ, балки унсури муҳими ҳаёти иҷтимоии шаҳр низ гардида буд. Намои дохилӣ ва берунии он рӯҳияи Душанберо дар худ таҷассум мекард. Бисёре аз онҳое, ки ба пойтахт омаданд, ҳатман ба тамошои ин макон меомаданд. Барои сокинони Душанбе “Роҳат” на танҳо чойхона, балки як қисми таърих ва фарҳанги онҳо буд.
Талафот барои шаҳр
Моҳи марти соли 2025 дар Душанбе чойхона тахриб карда шуд. Аллакай тарабхонаи бино, ки дар наздикии бинои асосӣ ҷойгир аст, вайрон карда шуд. Овозаҳо дар бораи тахриби эҳтимолии чойхона аз соли 2018 идома пайдо шуданд, аммо он замон аз ҷониби мақомот рад карда шуданд. Аммо имрӯз ба умри чойхона нуқта гузошта шуд.
Дар деворҳои “Роҳат” аз замони ифтитоҳи он пайи бисёр ҳодисаҳои таърих боқӣ монда буданд. Барои сокинони шаҳр “Роҳат” на танҳо як қисми мероси меъморӣ, балки рамзи муҳими фарҳангӣ буд. Аз даст додани ин чойхона на танҳо аз даст додани бино, балки тамоми давраи марбут ба таърихи Душанбе аст.