Таоми тоҷикии “Оши бурида”-ро чӣ тавр тайёр мекунанд

“Оши бурида” – хӯроки қадимаи тоҷикӣ. Онро асосан дар фасли тобистон, ҳангоми фаровонии кабудиҳои хушбӯй ва сабзавот омода мекунанд.

Тарзи омода кардани “лапшаи тоҷикӣ”-ро Сафармо Солиева, корманди шуъбаи маорифи шаҳри Норак нишон медиҳад.

Маҳсулот ва дастурамали тайёр кардани “Оши бурида”:

  • Ба об намак, тухм, орд илова мекунем. Хамири сахт мехобонем.
  • Хамирро ду маротиба 10 дақиқагӣ дам медиҳем.
  • Хамирро тунук карда, угро мебурем.
  • Дар деги калон лӯбиёи сафедро меҷӯшонем.
  • Кабудии калон резакардашуда, барги лаблабу, барги зуф, райҳон ва пудинаро дар дег ба лӯбиё ҳамроҳ мекунем.
  • Барои хӯриши иловагӣ зарур аст:
  • Пиёз, гашнич, шибит ва қаламфури булғориро реза мекунем. Намак илова карда, ҳамаро якҷоя мекӯбем.
  • Ба кӯфтаи пиёз ва кабудӣ помидор ва бодиринги резакардаро илова мекунем.
  • Угрои дамёфтаро якҷо бо кабудӣ ва лӯбиё 10 дақиқа меҷӯшонем.

Пешниҳоди таом:

Угрои тайёрро ба табақи калон мегирем, аз болояш хӯриши иловагӣ ва чаккаро ҳамроҳ мекунем.

Иштиҳои том!

Skip to toolbar