“Таъмини амният”. Хадамоти алоқа қатъи интернет дар Бадахшонро шарҳ дод

То ҳол маълум нест, ки дар Бадахшон кай шабакаи интернет ба пуррагӣ дастрас мешавад.


Атоев хадамоти алоқа

Илҳомҷон Атоев муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон бори аввал дар масъалаи набудани интернет дар Бадахшон вокуниши расмӣ нишон додаанд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, имрӯз, 31 – уми январ зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки барои таъмин намудани амнияти шаҳрвандон баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад.

Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз эътирози сокинони вилоят дар шаҳри Хоруғ дастнорас шуд. Инак бо гузашти зиёда аз ду моҳ, ба ғайр аз идораҳои давлатӣ дигар сокинон ба интернет дастрасӣ надоранд.

Илҳомҷон Атоев ба суолҳои батакрори хабарнигорон дар бораи набудани интернет дар ҳудуди ин вилоят посухи равшан надод.

Ӯ гуфт, ки аз вазъияти баамаломада дар ин вилоят ҳама бохабаранд ва мувофиқи қонунгузорӣ мақомот вазифадоранд, амнияти иттилоотиро таъмин кунанд.

“Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, дар асоси қонуни “Алоқаи барқӣ”, моддаҳои 33-ю 34, мо вазифадор ҳастем, ки таъмини амнияти иттилоотӣ барои шаҳрванд, ҷамъият ва давлатро таъмин намоем. Барои ҳамин, дар баъзе минтқаҳо, баъзе стандартҳои интернетӣ, тибқи талаботи байналмиллалӣ фаъолият намекунанд”,-гуфт Атоев.

Ёдовар мешавем, ки қатъи интернет дар ин минтақа пас аз эътирози эътирози чоррӯзаи сокинон дар назди бинои ҳукумати вилоят бо талаби ҷазо додани гунаҳкорони марги сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков ба амал омад.

Эътироз замоне қатъ шуд, ки шоми 28-уми ноябр мақомот ваъда доданд, ки қазияи марги Зиёбеков ва ду нафари дигарро дақиқона тафтиш ва шабакаи интернет дар вилоят барқарор карада мешавад.

Аз гузашти ҳодиса ду моҳ сипарӣ шуд, вале сокинони вилоят мегӯянд, ҳанӯз дастрасӣ ба Интернет дуруст ба роҳ монда нашудааст.