Талафоти беш аз 100 сар гӯсфанд дар Ҳисор. Оқибатҳои боронгарии шадид дар минтақаҳои Тоҷикистон

Ду рӯзи охир дар пайи боронҳои шадид ва омадани сел дар минтақаҳои Тоҷикистон заминҳои наздиҳавлигии баъзе аз сокинон зери об монд, роҳҳо хароб шуданд ва чорвои мардум талаф ёфт. Чунончӣ дар деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор 130 сар гӯсфанд бар асари сел талаф шудаанд.

Дар наворе, ки корбарон дар Фейсбук нашр карданд, дида мешавад, ки гӯсфандони зиёде рӯи замини лой хобидаанд. Ин ҳодиса рӯзи 4 – уми май рух додааст ва маълум нест, ки ин миқдор чорвои хӯрд чӣ гуна талаф ёфтааст.

Ҳамчунин рӯзи гузашта роҳи байналмилалии самти Душанбе – Хоруғ бар асари фаромадани сел баста шуд. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ хабар додааст.

Тибқи маълум отҳо биноба ба сабаби фаромадани сел роҳ дар километри 448-и мавзеи Хехики ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ масдуд шудааст.

Тавре муаллифи Your.tj аз ноҳияи Темурмалик хабар дод, шаби 3 – юми май пас аз боришоти зиёди борон сел заминҳои наздиҳавлигии  сокинон ва роҳҳоро хароб кардааст.

Бар асари омадани сел як пул дар ноҳияи Панҷ низ хароб шудааст. Сел ҳамчунин ба роҳи миёни ноҳияи Панҷ ва Ҷайҳун осеб расондааст. Сел ҳамчунин чанд сар гӯсфанду бузро дар ноҳияи Восеъ бурдааст, менависад Радиои Озодӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода то ҳол дар робита ба ин ҳодисаҳо иттилои расмӣ надодааст ва маълум нест, ки офати табии ду рӯзи охир дар кишвар талафоти ҷони дар пай дорад ё не ва ҳаҷми хисороти расида чӣ қадар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 6 май дар ҷумҳурӣ чунин ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва боронҳои шадид хавфи омадани селҳои харобиоварро зиёд мекунанд.

Skip to toolbar