fbpx

Талаби 7,5 соли зиндон ба Завқибек Саидаминӣ. Ӯ худро бегуноҳ меҳисобад


0
Суди Душанбе ҳукми Завқибек Саидаминиро бетағйир гузошт.
Завқибек Саидаминӣ

Барои яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик  – Завқибек Саидаминӣ айбдоркунандаи давлатӣ 7,5 соли зиндон талаб кардааст. Худи Завқибек Саидаминӣ зимни сухани охиринаш дар суд аз талаби прокурор норозигӣ карда, худро пурра бегуноҳ хондааст.

Мурофиаи ӯ имрӯз, 3-юми ноябр, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор шуд ва бори аввал наздиконаш- модар, ҳамсар ва бародараш имкон пайдо карданд, ки дар ҷараёни мурофиаи судӣ ширкат намоянд.

Дар гузашта, оид ба баргузории чанд мурофиаи Завқибек Саидаминӣ хабарҳо зидду нақиз буданд ва гуфта мешуд, ки онҳо баргузор нашуданд.

Завқибек Саидаминӣ дар баромадаш гуфтааст, ки дар мурофиаҳои пешин судя ва адвокат ваҷҳҳои ба миёнгузоштаи ӯро ба назар нагирифтанд ва нисбати айбҳое, ки прокурор эълон кард, розӣ нест.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки дар робита ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, махсусан ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва ДИИШ барномаҳои телевизионӣ омода ва пахш мекард ва бештари онҳо самар доданд.

Номбурда афзудааст, ки ҳарчанд барои ин барномаҳояш ӯ аз сӯи афроди нишинос таҳдид мешунид, вале корашро давом медод ва кӯшиш мекард, ки барои пешгирии ин падидаи номатлуб саҳмгузор бошад.

“Бовар дорам барномаҳоям натиҷа додаанд. Бо шарофати барномаҳоям шояд чандин ҷавон, ки нияти ширкат ё аз беогоҳӣ мехостанд ба Сурияву Ироқ раванд, аз роҳ баргаштанд. Ман ҳамеша кӯшидам, ки ба халқу ватанам хизмат кунам. Ҳеҷ гоҳ ифротӣ набудам ва нестам”, – гуфтааст Завқибек Саидаминӣ.

Ӯ ҳамчунин аз барномаҳое, ки дар робита ба муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон омода ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст ёдовар шуда гуфтааст, ки мекӯшид аз манфиатҳои Тоҷикистон дифоъ кунад.

Вай афзудааст, ки ин барномаҳояш тавассути ҳамкасбонаш бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума ва пахш шуд, ки бори дигар ҳимоя ва хизмиати ӯро ба ватан далолат медиҳад.

Ӯ аз расонаҳо ва ҳамкасбоне, ки қазияи ӯро пайгирӣ ва бозтоб доданд, изҳори миннатдорӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки баъди сухани охирини Завқибек Саидаминӣ суд ба хонаи машваратӣ рафтааст ва эҳтимол баъди зуҳри имрӯз, ҳукм хонда шавад.

Ваклии дифои Завқибек бо расонаҳо суҳбат намекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend