fbpx

Таксиронии муҳоҷирон манъ шуд, акнун онҳо барои гирифтани “права”- и русӣ талош доранд

Муҳоҷирон алакай барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагии русӣ ба ҳуҷҷат супорида истодаанд.


0
Акс аз сомонаи Спутник Беларус

Таксиронӣ яке аз корҳои сердаромад барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошад. Аммо шурӯъ аз моҳи январи соли 2022 дар якчанд минтақаи Русия онро барои муҳоҷирон манъ карданд. Хабарнигори Your.tj бо чанде аз ронандаҳое, ки дар Русия бо ин кор машғуланд ҳамсуҳбат шуд.

Айни ҳол дар минтақаҳои Тюмен, Якутия, Приморск ва Ханты-Мансийск ҷорӣ карда шудааст. Ин навбат чунин маҳдудиятро дар Хабаровск низ  ҷорӣ карданианд. Ширкатҳои нақлиётии Русия вазифадор шуда буданд, ки то 1- уми  марти соли ҷорӣ худро ба талаботи нав мувофиқ кунанд.

Ронанда аз Тюмен: “Дигар таксӣ намеронам!”

Рустам Мирзоев яке аз муҳоҷиронест, ки соли 2011 ба шаҳри Тюмен омадааст. То соли 2020 ба ҳар гуна корҳо машғул буд, аммо бо хуруҷи коронавирус дигар ҷои кори муносиб наёфт ва ба ронандагӣ машғул шуд. Тӯли як сол дар ширкати “Максим” ронандагӣ кард, вале чанде пеш аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ба садама дучор омаду дигар таксирониро қатъ кард.

Рустам мегӯяд, ки барои аз кори таксӣ пули хуб ба даст овардан, бояд мошин аз худат бошад.

“Дар мошин рекламаи таксӣ набошад, бемалол кор кардан мумкин буд. Агар мошин аз худи ронанда бошад, албатта, дар як моҳ то 70-80 ҳазор рубл кор мекард.

Вақте ронанда мошинро иҷора мегирад, дар як моҳ имкони то 30-40 ҳазор рубл кор карданро дорад. Ронандае, ки бо мошини иҷора кор мекунад, он қадар фоида намебинад. Чун ҳар рӯз 1 ҳазору 500 рубл барои иҷораи мошин, 1000 рубл барои сӯзишворӣ, ақаллан, 500 рубли дигарро барои хӯрока сарф мекунад. Ба ҳар ҳол кори ронандагӣ барои муҳоҷирон роҳатару тоза аст. Аммо, чуноне мебинед, дигар дар Тюмен муҳоҷирон ронандагӣ карда наметавонанд.”,  – таассуфангезона афзуд,  Рустам Мирзоев.

Тавре Рустам нақл кард, бо вуҷуди маҳдудият,  чун дар ширкатҳо ронанда намерасад, то ҳол муҳоҷирон ба ғайр аз ширкати “Яндекс” дар дигар ширкатҳои хизматрасонии таксӣ фаъолият карда истодаанд.

Ронанда аз Тюмен: “Бо шаҳодатномаи ронадагии тоҷикӣ кор карда истодаам”

Абдунабӣ Комилов зодаи шаҳри Душанбе буда, 55 сол дорад. Чанд сол пеш роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтааст. Ӯ бо касби ронандагӣ ризқу рӯзии хонаводаашро дарёфт мекунад.

“Ман якчанд сол дар шаҳри Уренгойи Нав кор кардаам. Чор моҳ боз дар ҳудуди Тюмен  таксӣ меронам. Айни ҳол дар ширкати “Яндекс” бо шаҳодатномаи тоҷикӣ кор карда истодаам. Овозаҳо буданд, ки аз моҳи март бо шаҳодатномаи тоҷикӣ фаъолият кардан намемонанд, вале айни ҳол кор карда истодаам. Интизор мешавам, агар аз кор пеш кунанд шаҳодатномаи русӣ мегирам, чун кори таксӣ бароям мувофиқтар аст ва даромадаш низ бад нест”, – мегӯяд, Абдунабӣ Комилов.

Ронандаи таксӣ аз Калининград: “Шаҳодтномаи русӣ мегирам!”

Абдуҳафиз Очилов ҷавони 28 солаест, ки имрӯз  дар шаҳри Калининград таксӣ меронад. Аслан, ӯ пас аз хатми мактаб ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта,  таксӣ ронданро дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд сар кардааст. Аммо гарон шудани нархи сӯзишворӣ сабаб мешаваду ӯ ба Русия меравад. Чанд вақт боз дар ширкати “Яндекс” кор карда истодааст. Ба ӯ охирҳои соли гузашта гуфтаанд, ки бояд ҳуҷҷати ронандагии Русияро бигирад, вагарна ихроҷаш мекунанд.

“Барои гирифтани шаҳдатномаи ронандагии русӣ ба 2 имтиҳон, ки бо компютер гирифта мешавад, тайёрӣ дидам. Аввал аз духтур гузаштам ва баъд имтиҳонро супоридам. Баъди 2-3 рӯз шаҳодатномаи русии ман (категорияи б) тайёр мешавад ва метавонам корро идома диҳам”, – бо хурсандӣ мегӯяд, Абдуҳафиз Очилов.

Ба нақли Абдуҳафиз, ӯ як имтиҳонро худаш супоридааст ва барои гузаштан 30 ҳазор рубли русӣ сарф кардааст. Як  рафиқаш, ки имтиҳонҳоро супорида натавонистааст 100 ҳазор рубл сарф кардааст.

Ҳуқуқшинос ба ронандаҳои тоҷик: “Барои идомаи фаъолияти ронандагӣ шаҳодатномаи ронандагии Русия гиред”

Баҳрулло Одинаев яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар Маскав фаъолият мекунад. Ӯ  мегӯяд, ки фаъолияти ронандагии муҳоҷирон бо шаҳодатномаи ронандагии тоҷикӣ ғайри қонунӣ буд. Сабаби бо шаҳодатномаи тоҷикӣ ба кор қабул карданӣ ронандагон ин норасоии ронандагон аст ва дар назар аст, ки ин амал дар дигар шаҳрҳои Русия ҷараён бигирад.

“Тибқи қарорҳои думаи давлатии Русия аз 1 – уми июни соли 2017 дар моддаи 25 – и банди 13-и ҳамин қарор омадааст, ки “шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар хуқуқи кор кардан бо шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи ронандаҳое, ки айни замон дар Русия бо шаҳодтномаи тоҷикӣ кор мекунанд, фаромӯш накунанд, ки ғайриконунӣ фаъоляит доранд, – мегӯяд ҳуқуқшинос.

– Дар он шаҳру навоҳие, ки  барои кори  ронандагони шаҳодтномаи хориҷӣ дошта  чашм мепӯшанд,  ронандаҳо хеле каманд, аз ин рӯ, онҳо  маҷбуранд, ки аз рӯйи эҳтиёҷ барои кор кардани чунин ронандаҳо монеъа нашаванд. Шояд ин минтақаҳо низ пас аз чанде ин маҳдудиятро ҷорӣ кунанд. Ронандаҳое, ки дар Тюмен кор мекарданд, аз манъ шудани кор дар Тюмен руҳафтода нашуда, ба минтақҳои Красноярск, Уфа, Краснодар ва  Санкт-Петербург омада, корро давом дода истодаанд. Хукумати Русия иддао дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бояд аз нав таҳсил карда, ҳама имтиҳонҳоро супоранд”.

Файзуллохон Обидов     


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend