Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:0528.05.2025
Мирзотоҳир Набизода ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъйин гардид. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд.
Набизода то лаҳзаи таъйин гардидан ба ин мансаб ба ҳайси муовини ректор оид ба таълим дар ҳамин донишгоҳ фаъолият дошт ва собиқаи тӯлонии корӣ дар бахшҳои илм ва идоракунии иҷтимоии вилояти Суғд дорад.
Ин таъйинот дар пасманзари боздошти ректори пешинаи донишгоҳ, Аюб Усмонзода бо иттиҳоми фасод, сурат гирифт. Усмонзода моҳи марти соли ҷорӣ боздошт шуда, парвандаи ӯ то ҳол расман шарҳ дода нашудааст.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати кишвар як қатор тағйироти дигари кадрӣ дар ниҳодҳои гуногун анҷом дод. Ҳамин тавр:
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон кадрҳои навтаъйинро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват намуд.
Читайте также
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
1 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
1 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
5 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
9 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
11 дня назад