Тайи як сол дар Тоҷикистон 39 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз олам даргузашт

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акс аз сомонаи Азия плюс

Эмомалӣ Раҳмон се судяро аз вазифащояшон  барканор кард

Эмомалӣ Раҳмон се судя ё додраси се ноҳияи кишварро аз мақом барканор кардааст. 

Бар асоси фармони президент, додрасҳои ноҳияҳои Мурғоби ВМКБ, Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз мақом барканор шуданд. Манбаъ дадели барканории додрасҳоро расидан ба синни ниҳоӣ ва вазъи саломатӣ марбут донистааст.

Субҳи 20-уми апрел дар асоси фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Меҳмон Аловиддин Бозгул раиси Додгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раҳимзода Абдусалим додраси додгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Умарзода Ирода Бахтиёр додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз вазифа озод шуданд.

Додраси аввалӣ барои расидан ба синни ниҳоии ишғоли мақоми додрасӣ ва дуйи дигар бинобар вазъи саломатӣ мақомҳояшонро аз даст додаанд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ хабар надодааст, ки оё ба ҷойи додрасҳои барканоршуда нафарони наве таъин шудаанд ё не.

2,2 миллиён маоши муҳоҷирон дар Русия аз корфармоён рӯёнда шудааст

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ба даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия дар рӯёндани маошашон аз корфармоён мадад кардаанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, имсол 49 шаҳрванди кишвар аз нагирифтани ҳақмуздашон шикоят ва дархости ёрӣ карданд.

Ин ниҳод мегӯяд, бо мусоидати он ва дар натиҷаи музокирот корфармоён беш аз ду миллион рубли русиро ба муҳоҷирони тоҷик баргардондаанд.

Ҷузъиёти сабабҳои таъхир дар пардохти маоши муҳоҷирони корӣ нашр намешавад, вале Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон таъкид кардааст, ки барои пеш наомадани чунин мушкил шаҳрвандон бояд ҳуқуқи худро аз пеш андеша кунанд.

Аз ҷумла, имзои ҳатмии шартнома бо корфармо як талаботи муҳим барои пешгирӣ аз вайрон кардани ҳуқуқи коргар гуфта мешавад.

Машварати мақомот ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як нусхаи шартномаро ба идораи минтақавии пулис супоранд, то баъд аз анҷоми муҳлати патент бидуни убури сарҳад ин иҷозатномаи кор боз барои як соли дигар дароз карда шавад.

Тайи як сол дар Тоҷикистон 39 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз олам даргузашт.

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 20 апрел 59 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Соли гузашта, тибқи маълумоти раиси Шӯрои собиқадорони ҶБВ Раҳмат Қудратов собиқадорон 98 нафар буданд. Ду сол пеш, дар соли 2020 бошад, Рӯзи Ғалабаро 168 нафар собиқадорон ҷашн гирифтанд.

Калонсолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар Ҳисор умр ба сар мебарад, имсол 110-сола мешавад: ӯ 9 майи соли 1912 таваллуд шудааст.

Ӯ 4 сол дар майдонҳои набард ҷангида, барои корнамоиҳояш бо зиёда аз 30 ордену медал қадрдонӣ шудааст. Пас аз ҷанг нахуст ба ҳайси омӯзгор ва сипас муддати 30 сол ба сифати раиси колхози “Ленин”-и ноҳияи Ҳисор кор карда, аввали солҳои 80-уми қарни гузашта аз ҳамин мансаб ба нафақа баромадааст.

Ёдрас мекунем, ки дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангида, аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуданд,

Барои корнамоиҳо дар ҷанг ба 65 нафар зодагони Тоҷикистон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуда, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

Ҳамасола рӯзи 9 май ва 22 июн Тоҷикистон аз иштирокчиёни ҷанг, ки соли 1941 ба ҷабҳа рафта буданд, ёд карда, хотираи онҳоро гиромӣ медорад.

Дар Кохи Борбад консерти «Аз Душанбе то Сеул» баргузор мешавад

Имсол аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 30 сол сипарӣ мегардад. Барои сазовор таҷлил намудани ин рӯйдоди муҳим дар баробари чорабиниҳои зиёд 26 апрел, соати 18:00 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Корея дар  Тоҷикистон дар Кохи «Борбад» консерти анъанавии кореягӣ таҳти унвони «Аз Душанбе то Сеул» баргузор мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 27 апрели соли 1992 барқарор гардидаанд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 2015   ва Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Кордор соли 2008 ифтитоҳ ёфтааанд.  Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду кишварро 9 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Баҳри таҳкими муносибатҳои Ҷумҳурии Корея бо минтақаи Осиёи Марказӣ “Форуми ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказӣ” аз соли  2007 фаъолият мекунад, ки барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Корея аҳамияти зиёд дорад. Ҳамасола дар рафти Форуми мазкур мавзӯъҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ мегарданд.  Намояндаи доимии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли  2017 инҷониб дар Ҷумҳурии Корея фаъолият мекунад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои мухталифи Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOIСА) иштирок мекунад.