Заминларза дар Туркияву Сурия

Тафтиши қариб 600 нафар масъулони бинокорӣ дар Туркия баъди заминларзаҳои харобиовар

Мақомоти Туркия дар робита ба фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари заминларзаи мудҳиши аввали моҳи феврал 182 нафарро ба ҳабс гирифта, зиёда аз 400 каси дигарро гумонбар медонандхабар медиҳад “Азаттык.

Инҳо асосан масъулони сохтмони манзилҳо, моликон ё мудирони биноҳо мебошанд, навиштааст “Ассошиэйтед Пресс”. Бекир Боздаг, вазири адлияи Туркия гуфтааст, далелҳои дарёфтшуда дар ҷойҳои биноҳои фурӯрафта асос барои баргузории тафтишотанд.

Ба назари коршиносон бисёре аз бинову иншоотҳое, ки пас аз заминларза фурӯ рехтаанд, эҳтимолан бо истифода аз масолеҳи сохтмонии пастсифат ва ба меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯнабуда сохта шудаанд.

Мақомоти Туркия ҳамчунин дар мавриди ҳодисаҳои ғоратгарӣ низ тафтишот роҳандозӣ намуда, айни замон 200 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи 7,8 баллаи рӯзи 6 феврал беш аз 50 ҳазор нафар – дар Туркия 44 ҳазору 218 нафар ва дар Сурия – 5 ҳазору 914 нафар ҳалок шуданд.

Дар Туркия корҳои барқарорсозии хонаҳо оғоз шуд: бар асари заминларза зиёда аз 160 ҳазор бино тахриб шуд, ки дар он 520 ҳазор манзил вайрон шуд ё осеб дид.

Мақомоти кишвар изҳор доштанд, ки барои осебдидагон 313 ҳазор хаймаҳо гузошта шуда, боз таъмини онҳо бо 100 ҳазор контейнерҳои хонаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар Туркия ба муҳлати 3 моҳ вазъияти фавқулода эълон шудааст.

Skip to toolbar