fbpx

Тафсилоти марги 5 нафар дар пайи афтодани куҳпора дар Кӯлоб

Мухтасари хабарҳои рӯз


1
1 point

Занону кӯдаконе, ки аз Сурия баргардонида шуданд, дар куҷо нигоҳдорӣ мешаванд?

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, 146 зану кӯдаке, ки ду рӯз пеш аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, пурра солиманд ва эҳтимол дар зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ҷой дода шаванд.

Ӯ 27 июл дар ҳузури журналистон суҳбат мекард, дар посух ба суоли рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар робита ба тақдири ояндаи онҳо посухи рӯшан надод ва танҳо ишора кард, ки “посухи ин саволҳо ба ваколаташ дохил намешавад”.

“Баъди ба расмият дарорвардани баъзе ҷузъиётҳо ҳамон шаҳрвандоне, ки  имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд аз дигар давлат, ба сохторҳои тандурустӣ  ва вазорат муайян карда, сафарбар мешаванд”, – гуфт Абдуллозода.

Вазири тандурустӣ дар  робита ба тақдири 84 кӯдаке, ки моҳи апрели соли 2019 аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуда, дар сохторҳои тобеи вазорат нигоҳдорӣ мешуданд, гуфт, онҳо дар 2 маркази дастгирии модару кӯдаки муассисаҳои Вазорати тандурустӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва то ба ҳол ба назидконашон дода нашудаанд.

“Вақте онҳо ба синни 7- солагӣ мерасанд, барои таҳсил ба Вазорати маориф ва дар синни 16-солагӣ барои касбомӯзӣ ба Вазорати меҳнат равона карда мешаванд.” – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 25 июл 146 шаҳрванди Тоҷикистон (42 зан ва 104 кӯдак) тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ки онҳо  бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргардонида шуданд ва ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

Тафсилоти марги 5 нафар дар пайи афтодани куҳпора дар Кӯлоб

Наздикони 5 нафаре, ки бар асари чаппа шудани тепаи хок дар деҳаи Сангпари Кӯлоб ҳалок шуданд, мегӯянд, маҳз вайрон будани роҳи деҳа ва ба таври зарурӣ анҷом нашудани хизматрасонии тиббӣ сабаби фавти пайвандони онҳо шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 24-уми июли соли равон дар деҳаи навбунёди Сангпари ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб дар хонаи Ҳақназар Абдулоеви 45-сола рӯх дод. Абдуллоев он рӯз мехост хонаи харгушонашро васеъ кунад ва чаҳор кӯдаки ҳамсоя – Баракатулло Шарипови 13-сола, Ёқуби 10-сола, Ёсинҷони 9-сола ва Файзуллои 6-сола аз оилаи Санговҳо кори Ҳақназарро тамошо мекарданд.

Ғоибназар Абдуллоев, падари Ҳақназар Абдуллоев зимни суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, аз писараш 3 духтар монд, ки аз ҳама хурдиаш 3-сола аст.

Ӯ афзуд, писараш яке аз аввалинҳо аст, ки дар ин деҳаи навбунёд ҳудуди 5-6 сол пеш хона сохт ва зиндагиро инҷо ихтиёр кард.

Ба таъкиди номбурда, ҳодиса замоне сар задааст, ки Ҳақназар мехост, хонаи хургӯшонашро васеъ кунад.

Абдулоев, мушкили аслии ин деҳаро роҳи вайрона ва беобӣ унвон кард ва афзуд, ки аҳолӣ маҷбур мешаванд, ки аз чанд километр аз заминҳои ҳамвор об кашонанд.

– Дар инҷо танҳо онҳое зиндагӣ мекунанд, ки зарурманд ҳастанд ва дигар ҷои рафтан надоранд. Ҳақназари раҳматӣ як маротиба ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт, аз сабаби он ки саломатиаш хуб набуд, дигар нарафт ва дар ҳамин ҷо чархи зиндагиро бо мушкилӣ мечархонд, – афзуд Ғоибназар Абдуллоев.

Ӯ мегӯяд, агар роҳи деҳа дуруст мебуд ва мошин ёрии таъҷилӣ сари вақт меомад, шояд писар ва кӯдакони ҳамсоя намефавтиданд.

Дар миёни кӯдакони ҳалокшуда, як писари Нуриддин Шарипов, низ буд, ки мехост ба Ҳақназар кӯмак кунад.

Ба нақли Нуриддин, падари Баракатуллоҳи 13—сол вақте кӯҳпора ба болои онҳо меафтад, зани ҳамсоя мардумро барои кӯмак даъват мекунад, вале аз сабаби он ки дар деҳа мардон набуданд, касе ба кӯмак намерасад.

– Танҳо дар хонаҳо занҳо мондагӣ се, чор нафар зани ҳамсоя давида, то кўҳпораро аз болояшон мегиранд, ки кор аз кор мегузарад. Ҳодиса соатҳои 17:30 рух додаастт, – гуфт Нуриддин.

Вай гуфт, ҳамагӣ 4 фарзанд дорад ва Баракатуллоҳ, ки нав 13-сола шуд, фарзанди бузургаш буд.

Шамсулло Сангов, марде, ки дар ин ҳодисаи ба гуфтаи худаш мудҳиш, се набераашро аз даст дод, афзуд, замоне, ки ду набераи ӯро аҳолӣ аз зери хок берун оварданд, зинда буданд, вале маҳз сари вақт талош накардани кормандони ёрии таъҷилӣ барои наҷот дар роҳ ба сӯи беморхона ба ҳалокат расиданд.

– Он рӯз, вақте ман ба Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб рафтам, гуфтанд, як набераам то ба беморхона бурдан зинда буда, дар дохили беморхона фавтидааст. Ҳамчунин Баракатулло низ зинда будааст, вале табибон сари вақт барои наҷоти онҳо дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ талош накарданд, – нигаронӣ кард Сангов.

Дар ҳамин ҳол, Латофат Рустамова, директори Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Кӯлоб иддаои Санговро рад кард ва гуфт, нафаре, ки таги кўҳ мемонад, ҳаво нарасида, баъди се дақиқа ба ҳалокат мерасад.

– Чор нафар кӯдаке, ки ба маркази мо овардаанд, ҳамаашон ҳалок шуда буданд. Ягон нафарашон зинда набуд. Овозаҳо дар бораи он ки ду кӯдак зинда буд ва кормандони мо барои наҷоти онҳо талош накардаанд, ҳақиқат надорад, – афзуд директори маркази Ёрии таъҷилӣ.

Деҳаи Сангпар дар ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Дар ин деҳа ҳудуди 300 хонавода зиндагӣ мекунанд.

Дар баробари гармии тоқатфарсо дар Тоҷикистон, рӯзҳои наздик хокбориш ҳам пешгӯӣ мешавад

Рӯзҳои 29 июл то 1 августи соли ҷорӣ бар асари ҳаракати мавҷҳои гармӣ аз ҷануб дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво рӯ ба коҳиш меорад.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ шамол бо қувваи 15-20 метр дар як сония вазида, дар ин рӯзҳо эҳтимоли хокбориш ҳам вуҷуд дорад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 28-уми июл бар асари ҳавои гарм дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон хатари болоравии сатҳи об дар назар аст.

Зикр мегардад, ки рӯзҳои 28-30 июл ҳавошиносон аз омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо ва барфҳо дар баландкӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ-ро пешбинӣ мекунанд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид кардааст, ки сокинон бояд ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend