Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфт

Табрики Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Истиқлол

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ тамоми мардуми кишвар ва тоҷикистониёни бурунмарзиро ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ табрик гуфт.

“Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем”,- қайд намуд сарвари давлат.

Ӯ муддати сию ду соли соҳибистиқлолиро дар муқоиса бо таърихи бостонии халқи тоҷик муҳлати начандон тӯлонӣ, вале миқёси корҳои дар ин муддат амалигардидаро камназир номид.

“Роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкардаи мо пур аз шебу фарозҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишвар барқарор созанд.

Яъне тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд”,- таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат қайд намуд, ки Артиши миллӣ дар раванди аз хатари нестшавӣ раҳоӣ бахшидани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик соли 1993 таъсис дода шуд, ки имрӯз сисолагии ин санаи таърихиро таҷлил менамоем.

Президент бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз ҷумлаи нахустин дастовардҳое номид ва таъкид кард, ки “мардуми мо ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассосу вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба он муваффақ гардиданд”.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикӣ инчунин доир ба дастовардҳо дар бахши кишоварзӣ, соҳаҳои саноату энергетика, сохтмон, инчнуин мавқеи кишвар дар арсаи байнулмилалӣ, дар бораи муқовимат бо таҳдиду чолишҳои гуногун, тарбияи ватандӯстӣ сухан меравад.

“Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем”, – омадааст дар паём.

Дар фарҷом сарвари давлат мардуми кишварро самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу мекунад.

Skip to toolbar