fbpx

“Табобат накардӣ, гунаҳкор мешавӣ!” Пешгирӣ ва табобати сил аз нигоҳи дини Ислом

Худованд фармудааст, ки ҳаёт барои инсон амонат аст ва бояд онро эҳтиёт кунад.


0

Ислом ҳамеша исрор бар ин мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед. Ва агар инсон инро накард, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад, шарҳ дод Маҳмуд Сангалиев, мутахассиси калони шуъбаи фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ дар нашри навбатии подкасти “Аз сил ҳарфе бигӯ” дар студияи Your.tj дар бораи пешгириву табобати сил, огоҳонидани мардум аз ин беморӣ, дастгирии наздикони шахси бемор ва ғайра аз нигоҳи дини Ислом гуфт.

Маҳмуд Сангалиев вобаста ба пешгирии бемории сил риояи тозагиро дар ҷои аввал гузошт ва гуфтаҳояшро аз нигоҳи Ислом шарҳ дод.

“Дини мубини Ислом назофатро ҳатто шохае аз имон медонад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки яке аз омилҳои пешгирикунанди бемории сил ҳамин нигоҳ доштани покизагии инсонҳо аст”,- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин мутахассис, Ислом ба эҳтиёткорӣ ва нигаҳдории саломатии инсон ҳамеша таъкид мекунад. Худованд фармудааст, ки ҳаёт барои инсон амонат аст ва бояд онро эҳтиёт кунад.

Ба ҳамин асоснок карда, Маҳмуд Сангалиев гуфт, ки вақте инсон бемор мешавад, бояд ҳатман ба мутахассис муроҷиат кунад ва аз паси табобати худ бошад.

“Ислом ҳамеша исрор бар ин мекунад, ки шумо дар ҳар навъи беморӣ ба мутахассиси он муроҷиат кунед ва он чизе, ки ба шумо барои табобати он тавсия карда мешавад, иҷро кунед, вагарна дар назди Худованд гунаҳкор мешавад”,- афзуд вай.

Ӯ гуфт, мисли ҳамаи дигар бемориҳо инсон ҳангоми ба сил гирифтор шудан низ бояд саривақт ба табиб муроҷиат кунад ва ин дар ислом фарзи айн маҳсуб меёбад.

Давоми ин суҳбатро дар ин ҷо тамошо кунед.

Дар рафти подкаст дар экранҳои шумо рамзҳои QR пайдо мешаванд, ки онҳоро скан карда, тариқи рамзи аввал аз пурсишномаи анонимӣ гузашта, хатари имконпазири гирифторшавӣ ба силро дар худ муайян карда метавонед.

Дар рамзи дуюм суроғаи марказҳои зиддисилиро, ки дар онҳо аз ташхис гузаштан мумкин аст, ёфта метавонед.

Инчунин шумо метавонед бо пайванд (ссилка) ба пурсишномаи анонимӣ гузашта, суроғаи марказҳои зиддисилиро пайдо кунед.

Шумо метавонед шакли аудиоиро дар инҷо гӯш кунед:

 

Силсилаи подкастҳоро Your.tj дар якҷоягӣ бо филиали Family Health International (FHI 360) дар Тоҷикистон омода кардааст.

Силсилаи подкастҳои мазкури Лоиҳаи оиди бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон бо кӯмаки мардуми Амрико эҷод шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин муҳтаво маҳсули ҶДММ “Аломат” буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend