Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 19:4417.09.2021
Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар Твиттер дар бораи авзоъ дар Панҷшер навиштааст.
“Толибон”-и мутаҷовиз дар масири расидан ҳама тадорукотро қатъ ва муҳосира карданд ва ҳамаи ниёзҳои зарурии мардумро низ қатъ намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон ба ҷанг комилан омода аст ва ҳазорҳо нерӯҳои маҳаллӣ дар водии Панҷшер ҳузур доранд ва омодаи муқовимат ва дифоъ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта пеш ҷангҷӯёни “Толибон”* ҳамлаҳои худро ба вилояти Панҷшер оғоз карданд, ки дар он ҷо задухӯрдҳои шадид миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷангиёни “Толибон” идома доранд.
Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як табиби тоҷикро барои ба артиш фиристодани ҷавони бемор ҷарима бастааст.
Додгоҳ рӯзи 14-уми сентябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, Рустам Умбатов моҳи апрели соли 2020 Парвиз Ҷалиловро, ки “сутунмуҳрааш бемор буд”, ҳамчун “фарди солим ва муносиб ба хидмати ҳарбӣ” тавсия додааст.
“Бо вуҷуди пойфишории ҷавон ба бемориаш, табиб ба гуфтаҳои ӯ эътибор надодааст. Дар натиҷа бемории ҷавон ҳангоми хидмат дар як воҳиди низомии Вазорати дифоъ авҷ гирифтааст”, -- омадааст дар хабари Додгоҳи ҳарбии пойтахт.
Се кишвари дигар таваҷҷӯҳи худро ба СҲШ барои ҳамкорӣ бо ин созмон нишон доданд.
Дар натиҷаи нишасти СҲШ 30 санад ба имзо расид, ки дар байни онҳо се пешниҳоди шомил кардани кишварҳо ба шарикони созмон тасдиқ карда шуд.
Бино ба маълумоти нашршуда, Қатар, Миср ва Арабистони Саудӣ шарикони нави Созмони Ҳамкории Шанхай шудаанд.
Ҳамчунин қаблан маълум шуд, ки тартиби вуруди Эрон ба СҲШ дар ин нишаст оғоз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи СҲШ мебошанд.
Дар ин созмон Афғонистон, Беларус ва Муғулистон ҳамчун нозир ширкат мекунанд, аммо имсол аз Афғонистон дар ин чорабинӣ намояндае ҳузур надошт.
Ба муносибати нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай пойтахти Тоҷикистон ба як гулгаште табдил ёфта, дар шаҳр ҳудуди 7 млн бех гул шинонида шуд.
Барои таҳияи лоиҳаи тарроҳии манзаравӣ бо роҳбарии муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода гурӯҳи махсус таъсис дода шуд. Тавре аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, ҳайати ин гурӯҳ аз тарроҳон, меъморон ва гулпарварони шинохтаи тоҷик иборат буд.
Лоиҳаи бо гулҳо зебу ороиш додани пойтахт шахсан аз ҷониби раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тасдиқ шуда буд.
Сайид Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури тозаинтихоби Эрон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе аз вазъи мураккаби Афғонистон гуфт.
Раисиҷумҳури Эрон масъули ташаннуҷи вазъ дар Афғонистонро давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико медонад.
Ба гуфтаи Раисӣ, масъулияти вазъияти эҷодшуда дар Афғонистон куллан ба уҳдаи ИМА ва ҳамкоронаш аст. Ӯ дар хитоб ба иштирокдорони ҳамоиш, таъкид намуд, ки бояд мусоидат кард, то мардуми Афғонистон бар мушкилоташон пирӯз гарданд.
Президенти Эрон муҳим хонд, ки ҳамаи ақвоми муқими Афғонистон бояд дар ҳокимияти ояндаи кишвар иштирок кунанд.
Вай бо зикри хатари терроризм дар ҷаҳони мусоир илова намуд, ки муборизаи намоишии ИМА дар Ироқу Афғонистон вазъро мураккабтар сохт. Ӯ инчунин ИМА - ро омили нооромиҳо дар Сурия номид.
Раисӣ изҳори итминон кард, ки султагароӣ ва якаҷонибагароӣ боиси эҷоди таҳдидҳо ба амнияти ҷаҳон шудаанд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, ин навъи бархӯрд рӯй ба таназзул овардааст.
Вай бо таъкиди он ки дахолати хориҷӣ дар Афғонистон ба бесуботӣ дар ин кишвар доман мезанад, илова намуд, ки бояд мусоидат кард, то халқи ин кишвар бар мушкилот пирӯз гарданд.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
3 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
6 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
6 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
7 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
9 дня назад