Сураҷ Мерабонов, яке аз ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” тасмим гирифтааст, маблағе, ки аз ин озмун ба ӯ додаанд, барои наҷоти ҷони ду бемор хайр кунад.
Дар ин озмун беш аз 2 ҳазору 200 табиб аз гӯшаву канори кишвар ширкат намудаанд. Ба иттилои расмӣ, ин озмун бори нахуст баргузор шуда, ҳадафи он баланд бардоштани нуфузи касбии табибон, ҳавасмандгардониву муаррифии дастовардҳои онҳо ва бештар намудани эътимоди аҳолӣ ба низоми тандурустии кишвар будааст.
Рӯзи 17-уми сентябр ҳангоми эълони ғолибони озмун, дар баробари беш аз 30 ғолиби озмун, исми табиб Сураҷ Мерабонов, ки аз рӯйи номинатсияи осебшинос-раддод ғолиб омадааст, садо додааст.
Your.tj бо табиб Сураҷ Мерабонов, ки барои ширкат дар маросими эълони ғолибон аз Хоруғ ба Душанбе омадааст, сӯҳбате анҷом дод ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки чӣ гуна ба ин озмун роҳ ёфтед?
Сураҷ Мерабонов: “Як рӯз дар сомонаҳои интернетӣ дидам, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузории чунин озмунеро эълон кардааст. Нахуст аз усулҳо ва тарзи баргузории он огоҳӣ пайдо кардам ва ба хулосае омадам, ки метавонам бе ягон мушкил дар ин озмун иштирок кунам. Баъдан санадҳои худро пешниҳод кардам.”
Your.tj: Озмуни “Табиби сол-2026” чӣ гуна гузашт?
Сураҷ Мерабонов: “Озмун аз моҳи май шурӯъ шуда, дар чаҳор марҳила гузашт. Нахуст сабти номи худ дар сомонаи вазорат, баъдан ирсоли ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда. Ин марҳила бисёр нозукиҳои худро дошт.
Яъне аз соли 2023 то 2025 чӣ қадар беморро ташхису табобат кардед, чанд амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидед, чӣ навгонӣ ё дигаргуние ба соҳаи тандурустии вилоят ва ҷумҳурӣ овардед. Ҳамин гуна талаботҳо дошт.
Марҳилаи сеюм ин овоздиҳӣ аз тарафи беморон, он сокиноне буд, ки ҳангоми бемор шудан ба мо муроҷиат кардаанд. Марҳилаи чаҳорум ин аъзои ҳакамон дар Вазорати тандурустӣ озмунро натиҷагирӣ карда, эълон карданд.”
Your.tj: Ба назари Шумо озмун то куҷо шаффоф буд?
Сураҷ Мерабонов: “Маслан, дар қисмати овоздиҳӣ, ки тариқи як пойгоҳ ё платформа бо ирсоли СМС-паёмак сурат гирифт, шаффоф гузашт. Ҳатто кормандони вазорат интихобан ба чанд нафр, ки овоз додаанд, занг зада пурсидаанд, ки воқеан ҳам шумо овоз додед? Барои ҳамин, ба назарам дар умум озмун шаффоф баргузор шуд.”

“Ҷарроҳиеро анҷом додам, ки дар таърихи вилоят нагузаронида буданд”
Your.tj: Барои кадом дастовардҳоятон ғолиби озмун шудед?
Сураҷ Мерабонов: “2 ҳазору 121 нафар ба тарафдории ман овоз доданд. Ман ягона табиб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонам, ки дар ин озмун ғолиб шудам. Ин бароям ифтихор аст. Натиҷаи овоздиҳии сокинон яке аз сабабҳои ғолиб эълон шуданам буд. Баъдан дар бахши тандурустии ВМКБ барои сиҳатии беморон якчанд навгонӣ овардам.
Масалан, бори нахуст дар таърихи тибби ВМКБ гузаронидани амалиёти ҷарроҳии эндопротезкунонии буғуми косу ронро гузаронидам. Аз соли 2023 то ҳол зиёда аз 150 ҷарроҳӣ бо натиҷаи аъло анҷом додаам. Ин ҳамаро аъзои ҳакамон ба инобат гирифтанд.”
Your.tj: Яке аз ҳадафҳои озмун ин ҳавасмандгардонии табибон буд, чӣ гуна қадрдонӣ шудед?
Сураҷ Мерабонов: “Ба мо диплом доданд ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ. Лекин барои ман аз ҳама ҳадяи бузугтарин ин боварии беморонам аст. Ҳадяи аз ҳама калонтарин барои ман барқарор кардани саломатии беморон аст. Маблағе, ки аз озмун ба ман доданд, болои он як миқдор маблағи дигар зам намуда, ба ду бемор, ки сахт ба пул ниёз доранд, медиҳам.
Онҳо дар ҳамин Душанбе бояд ҷарроҳии пайвандозии узви бадан гузаранд. Яъне, пайванди ҷигар мекунанд, дар марҳилаи ташхис қарор доранд. Маблағро ба онҳо хайр мекунам. Айни ҳол ба ин маблағ онҳо бештар аз ман ниёз доранд. Ба фикрам кори савобтарин ҳамин аст.”

“Дар утоқи ҷарроҳӣ будам…”
Your.tj: Вақте фаҳмидед ғолиби озмун шудед, худро чӣ гуна эҳсос кардед?
Сураҷ Мерабонов: “Ман зиёда аз 600 километр дур аз Душанбе кор мекунам. Вақте дар утоқи ҷарроҳӣ будам, ба телефонам занг заданд, чун банд будам набардоштам. Чанд бор занг заданд, шогирдамро гуфтам, ҷавоб диҳед. Телефонро ба ман дод.
Дар тамоси телефонӣ ба ман гуфтанд, ки аз Вазорати тандурустӣ ҳамстем, бо хабари хуш ба Шумо тамос мегирем…Гуфтанд фардо дар вазорат ҳозир шавед, ғолибон эълон мегарданд. Вақти хабари хушро ба ман расониданд, маро як эҳсосе фаро гирифт, ки онро бо сухан баён кардан мушкил аст, дар чашмонам ашк пайдо шуд ва аз Худо шукргузорӣ кардам”








