Ҷузъиёти кушта шудани табиби беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадалӣ Акрамов аз тарафи мақомот шарҳ дода шуд. ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” хабари расонаҳо дар бораи бо “монтировка” кушта шудани табиб ва кӯмак накардани гумонбаршавандаро рад кард.
Дар наворе, ки шоми 31-уми май нашр шудааст, гуфта мешавад, ҳодисае, ки боиси марги табиб шуд, рӯзи 19-уми май рух додааст.
Пулчинаки нақлиёти ҷамъиятие, ки ба задани табиб гумонбар мешуд, боздошт гардидааст. Маълум шуд, ки ӯ ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будааст.
Ба иттилои ВКД, ҳодиса тахминан соати 14:40, дар роҳи назди деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Навраси боздоштшуда дар шарҳи ҳодиса ба “Ахбори ВКД” гуфт:
“Дар истгоҳи “Чоряккорон” се нафар маршруткаро манъ карданд. Ду нафар дар қафо нишастанд ва он мард мехост дар пеш нишинад. Аммо гуфтам, ки дари пеш баста аст, ба қафо шинад. Дар ҷавоб вай маро аз номи модарам дашном дод. Ин маро асабӣ кард. Баромада, як маротиба бо мушт ба рўяш задам, ба замин афтод ва сараш ба бетон зад”.
Ба гуфтаи ӯ, вақте пулчинак ва ронанда диданд, ки аз сари табиб хун ҷорӣ мешавад, ӯро дарҳол ба маршрутка савор карда, ба бемористон бурданд.
Аммо пас аз 6 рӯз, 28-уми май, Акрамов бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш вафот кард.
Намояндаи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар навор гуфтааст, “рӯзи 22-юми май аз ҷониби шӯъбаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ нисбати ноболиғ бо моддаи 110, қисми 3, с. “в” (Расонидани зарари махсусан вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Моддаи мазкур ҷазоро аз 12 то 15 соли зиндон пешбинӣ мекунад. Аммо бо назардошти ноболиғ будани гумонбаршуда, тибқи моддаи 88-и Кодекси ҷиноятӣ, қисми 3 (Ҷазои ноболиғон) ба ӯ то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан бархе аз расонаҳо бо такя ба манобеъи худ хабар доданд, марҳум бо асбоби оҳанӣ – “монтировка” кушта шудааст, ронандаву пулчинак табибро дар роҳ монда, аз ҷойи ҳодиса гурехтаанд ва ба ёрии таъҷилӣ раҳгузарон занг задаанд.