Мақомоти Қазоқистон ба қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷирон дар ин кишвар тағйирот ворид карданд. Қоидаҳои нав ба шаҳрвандони хориҷие, ки баъди 27 январ вориди ин кишвар мешаванд, татбиқ мегардад.
Ба онҳое, ки то ин вақт дар ҳудуди Қазоқистон буданд, ин қоидаҳо таъсир намерасонанд. Тоҷикистониҳоеро, ки минбаъд барои кор ба Қазоқистон мераванд, чӣ интизор аст? Мо шарҳ медиҳем.
“Чӣ шуд?”
Қоидаҳои нав барои муҳоҷирон дар Қазоқистон аз 27 январ эътибор пайдо мекунанд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои амалисозии назорати муҳоҷират аз 31 декабри соли 2022 таҳти № 1146 бароварда шуд.
Тибқи ин санад, шаҳрвандони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) метавонанд дар давоми 180 рӯз на бештар аз 90 шабонарӯз дар кишвар бимонанд.
Дигар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон – на бештар аз 30 рӯз, ҳадди аксар 90 рӯз дар шаш моҳ.
Қаблан барои муҳоҷироне, ки бидуни раводид ба Қазоқистон ворид мешуданд ва шаҳрвандони ИИАО аз рӯзи убури сарҳади давлатии ин кишвар 180 рӯз маҳдудият вуҷуд надошт.
Пас аз ба охир расидани муҳлати будубоши иҷозатдодашуда дар ҳудуди Қазоқистон шаҳрвандони хориҷӣ метавонистанд қаламрави ин кишварро барои як рӯз тарк карда, дубора ворид шаванд, то ҳисоби рӯзҳои будубош аз нав оғоз шавад.
Акнун шаҳрвандони хориҷӣ имкони тамдиди такрории шартҳои будубошро аз даст доданд. Онҳо бояд кишварро ба муддати кӯтоҳ тарк карда, дубора баргарданд.
Дар ин бора рӯзи 18 январ сардори раёсати муҳоҷирати берунаи Кумитаи хадамоти муҳоҷирати ВКД Қазоқистон Аскар Алдонгаров хабар дод.
“Ин барои чӣ лозим аст?”
ВКД Қазоқистон тағйирот ба қонунгузориро имкони мутобиқ кардан ба таҷрибаи ҷаҳонӣ номид.
“Дар ҳама кишварҳо шумо метавонед танҳо 90 рӯз бимонед, пас аз он лозим меояд ҳуҷҷатҳоро ба расмият дароред, ба мисли раводид ва ғайра”, – шарҳ дод мансабдори ВКД.
Сабаби дигар: бо ин роҳ мақомоти Қазоқистон роҳи шаҳрвандони ИИАО, аз ҷумла аз Русияро, ки имкон доштанд, муҳлати будубоши худро дар ин кишвар бидуни гирифтани Иҷозати иқомати муваққатӣ (ИИМ) ба миқдори номаҳдуд тамдид намоянд, маҳдуд карданд.
“Шартномаи мо бо Ҷумҳурии Қазоқистон чӣ шуд?”
Воқеан, шароити будубоши бидуни раводиди шаҳрвандон миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар асоси як созишномаи алоҳидаи байналмилалӣ танзим мешавад.
Бар асоси ин санад, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар қаламрави Қазоқистон то 30 рӯз бидуни сабти ном ва пас аз сабти ном то 90 рӯз бимонанд.
Дар ҳамин ҳол, дар ин созишнома маҳдудияти умумии 180 рӯз мавҷуд нест.
Аммо тибқи қоидаҳои нав, маҳдудият барои ҳамаи муҳоҷироне, ки ба Қазоқистон бо ягон тарзе ворид шудаанд, ҷорӣ карда шуд, ки раводидро талаб намекунад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ дахл дорад.
“Агар ман дар Қазоқистон бошам, чӣ кор кунам?”
Қоидаҳои нав ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аллакай дар Қазоқистон қарор доранд, дахл надорад.
Аммо агар шаҳрванди Тоҷикистон алакай Қазоқистонро тарк карда бошад ва нияти пас аз 27 январ дубора вориди ин кишвар шуданро дорад, муҳлати нав 90 рӯз ҳисоб карда мешавад.
“Қонун эътибори бозгашт надорад”, – шарҳ медиҳад ВКД Қазоқистон.
“Қонун ба кӣ дахл надорад?”
Қоидаи “90/180” ба онҳое, ки бо раводид ба Қазоқистон омадаанд, татбиқ намегардад. Зеро барои онҳо муҳлати қонунии будубош бо тамом шудани он ба охир мерасад.
Шиносномаҳои бе раводиди донишҷӯёни хориҷӣ (таҳсилкардаистода) барои як соли хониш сабти ном карда мешаванд, аз ин рӯ онҳо низ наметавонанд то анҷоми мӯҳлат аз кишвар берун раванд.
Ҳамчунин, ин тағйирот ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар асоси иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (ИИМ) дар ин кишвар қарор доранд, таъсир намерасонад.
Барои дорандагони ин ҳуҷҷат муҳлати будубош аз рӯи муҳлати амали он муайян карда мешавад. Он дар навбати худ аз анҷоми шартномаи меҳнатӣ вобаста аст.
Зимнан, шумори дақиқи муҳоҷирон аз Тоҷикистон, ки дар Қазоқистон кор мекунанд, маълум нест.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон моҳи июли соли 2022 хабар дода буд, ки ҳудуди 10,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон кор мекунанд.
Намояндагони ҷамъияти тоҷикон бовар доранд, ки шумораи онҳо хеле зиёд аст.
“Акнун чӣ бояд кард?”
Акнун, ки таҷрибаи “визаран” (азнавкунии чандкаратаи шартҳои будубош, тариқи ба муддати кӯтоҳ тарки кишвар намуда, бозгаштан) дигар кор нахоҳад кард, муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кор мекунанд имкон доранд, иҷозатномаи иқомат дар Ҷумҳурии Қазоқистон барои шаҳрванди хориҷӣ бигиранд.
Ҳуҷҷати мазкур ба муҳлати 5 сол дода мешавад.