Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Тағйироти кадрӣ. Вазири кишоварзӣ ва раисони шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол иваз шуданд
Дата публикации: 17:2726.01.2022
Имрӯз 26-уми январ Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар ҳайати ҳукумати кишвар, Вазорати кишоварзӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таъин гардиданд, дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент.
Бо фармони президент Зиёзода Сулаймон Ризоӣ аз вазифаи вазири кишоварзӣ озод ва ба вазифаи муовини Сарвазири кишвар таъин гардид. Ба ҷойи ӯ Каримзода Саъдӣ Ғафор вазири кишоварзӣ а Мирзозода Музафар Бурҳон муовини якуми вазири кишоварзӣ таъин гардиданд.
Ба ғайр аз ин раисони шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва ноҳияи Ашт низ аз вазифа барканор ва ба ҷои онҳо кадрҳои нав таъин карда шуданд.
“Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Раъно - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон, Муинӣ Мавсума - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон, Маҳмудзода Қаюмҷон - иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол ва Муҳаммадзода Шӯҳрат - раиси ноҳияи Ашт таъин гардиданд”, - хабар медиҳад, манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар мувофиқа бо президент Мирдадо Зариф ва Зоҳидзода Даврон муовинони Раиси вилояти Суғд ва Маҷидӣ Бахтиёр директори генералии Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка” дар шаҳри Гулистон таъин шуданд.
Собиқ раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо муовини раиси вилояти Суғд дар соҳаи кишоварзӣ таъин шудааст. Ин вазифаро чанде пеш Зариф Нозирӣ ба дӯш дошт, ки моҳи ноябр раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таъин шуд.
Президент аз мансабдорони навтаъин, “риояи ҳатмии талаботи қонунгузории мамлакат, боло гузоштани манфиатҳои миллию давлатӣ аз манфиатҳои дигар, пешгирии амалҳои ғайриқонунии вобаста ба суйиситифода аз мансаби давлатӣ, қобилияти баланди роҳбарию ташкилотчигӣ, мусоидат ба рушди бештари иқтисодию иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъати тадбирҳои бунёдкорию ободонӣ, иртиботи доимӣ бо мардум ва ҳали саривақтии мушкилоти онҳоро” талаб намудааст.
867 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
3 дня назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
3 дня назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
5 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
7 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
7 дня назад