fbpx

Тағйироти кадрӣ ин навбат дар Вазорати корҳои дохилӣ

Чанд рӯз пеш чунин тағйирод дар соҳаи маориф ба амал омада буд.


-2
-2 points
Акс Хадамоти матбуоти президент

Имрӯз 24 феврал Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мансабдорони сохторҳои  Вазорати  корҳои дохилиро аз вазифа озод карда ба ҷои онҳо кадрҳои навро таъин намуд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти президент.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шуданд.

Тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳамидзода Бароталӣ аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии Душанбе таъин карда шуд.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз мақомаш озод ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шудааст.

Чанд рӯз пеш чунин тағйирод дар соҳаи маориф ба амал омад, ки дар натиҷа вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳамадюсуф Имомзода аз вазифа барканор шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend