Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:1224.02.2022
Имрӯз 24 феврал Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мансабдорони сохторҳои Вазорати корҳои дохилиро аз вазифа озод карда ба ҷои онҳо кадрҳои навро таъин намуд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти президент.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони раёсату шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷайҳун, Вахш, Темурмалик ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Файзобод, Нуробод ва сохторҳои марказии Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шуданд.
Тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳамидзода Бароталӣ аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии Душанбе таъин карда шуд.
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе аз мақомаш озод ва сардори РВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин шудааст.
Чанд рӯз пеш чунин тағйирод дар соҳаи маориф ба амал омад, ки дар натиҷа вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳамадюсуф Имомзода аз вазифа барканор шуд.
7137 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад