Тағйироти кадрӣ дар Гвардияи миллӣ ва мақомоти прокуратураву низоми судӣ

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон дар як қатор сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳайати роҳбарии Гвардияи миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва Суди иқтисодӣ тағйироти кадрӣ  анҷом дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дод.

Бо фармони президент чанд тан аз мансабдорони баландпояи Гвардияи миллӣ аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

  • Ҳамин тариқ, генерал-майор Ализод Ҷонибек Ҷурабек аз вазифаи Сарситод муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллӣ озод карда шуд.
  • Генерал-майор Каримзод Зайниддин Маҳмадалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба ақибгоҳ барканор шуд.
  • Полковник Одиназод Аъзам Аҳтам бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус озод карда шуд.
  • Полковник Бобозода Лутфулло Нусратулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Гвардияи миллӣ барканор шуд.
  • Подполковник Абдураҳимов Шермад Холмадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати ақибгоҳи Гвардияи миллӣ озод карда шуд.
  • Подполковник Аҳмадзода Сафаралӣ Талбак аз вазифаи сардори раёсати хизмати комендантии Сарситоди Гвардияи миллӣ ба нафақа гуселонида шуд.
  • Полковник Зарифбеков Гулбек Ошурбекович аз вазифаи сардори раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Гвардияи миллӣ ба нафақа рафт.
  • Полковник Қурбонзода Тоҷиддин Назар бо сабаби ба кори дигар гузаштан курсии сардори раёсати амалиётии Сарситоди Гвардияи миллиро тарк кард.
  • Полковник Ҳакимзода Сайдалӣ Достӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи командири бригадаи махсуси комендантии Гвардияи миллӣ озод карда шуд.
  • Полковник Эмомзода Амиралӣ Муроталӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори раёсати тайёрии ҷангии Фармондеҳии Гвардияи миллӣ озод карда шуд.

Таъинот дар сохторҳои Гвардияи миллӣ

  • Полковник Азаматзод Баҳриддин Вайсиддин сардори Сарситод – муовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллӣ;
  • Полковник Давлатзода Талбидагӣ Халифа муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус;
  • Полковник Бобозода Лутфулло Нусратулло муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба ақибгоҳ;
  • Полковник Носирзода Диловар Раҳмон сардори раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Гвардияи миллӣ;
  • Полковник Одиназода Аъзам Аҳтам муовини аввали сардори Сарситоди Гвардияи миллӣ;
  • Полковник Изатзода Муҳаммад Назримад сардори раёсати амалиётии Сарситоди Гвардияи миллӣ;
  • Полковник Нозанинзода Асадулло Бодом сардори раёсати ақибгоҳи Гвардияи миллӣ;
  • Подполковник Самизода Дилшод Хурсанд сардори раёсати молияи Фармондеҳии Гвардияи миллӣ;
  • Полковник Қурбонзода Тоҷиддин Назар сардори раёсати хизмати комендантии Сарситоди Гвардияи миллӣ;
  • Подполковник Маҳмадализода Ҳасан Ибод командири бригадаи махсуси комендантии Гвардияи миллӣ;
  • Полковник Эмомзода Амирали Муротали сардори раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Гвардияи миллӣ

таъйин гардиданд.

Инчунин як қатор кормандони мақомоти прокуратура аз вазифа озод ва таъйин карда шуданд:

  • Зоирзода Икром Оймаҳмад, Рофизода Мирзоамон Ҳамдам ва Талбакзода Дилшод Саид бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои муовинони Прокурори генералӣ озод карда шуданд.
  • Каримзода Умед Раҳматшо муовини аввали Прокурори генералӣ таъин гардид.
  • Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло муовини прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбӣ таъйин карда шуд. Азимзода Сарвар Бозор муовини прокурори генералӣ таъин гардид.

Ҳамчунин, Абдуллозода Зебонисо Файзулло аз вазифаи раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе барканор шуда, курсии ӯро Комилӣ Файзалӣ ишғол намуд.

Саидзода Зулфияи Саид, аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе барканор ва ба вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин шуд.

Skip to toolbar