Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон раисони 5 ноҳияи ВМКБ-ро озод намуд.
Дарвоз: Абдураҳмонзода Саидбурхон Саидраҳмон аз вазифа озод, ба ҷояш Носирзода Умедҷон Саидҷон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин гардид.
Ишкошим: Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим озод гардид, ба ҷояш Иматшозода Анвар Иматшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин карда шуд.
Роштқалъа: Шомирзозода Аъзам Мирмамад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа озод, ба ҷояш Сафарзода Лашкар Аслам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа таъйин гардид.
Шуғнон: Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон озод, ба ҷояш Шоисматуллозода Комил иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъйин гардид.
Рӯшон: Додихудоев Фарух Муборакшоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Рӯшон озод ва Аҳмадзода Илҳом Шамол, ки то ин дам раиси ноҳияи Хуросон буд, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Рӯшон таъйин карда шуд.
Ҳамзамон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Агентии зиддинашъа озод карда шуд ва Зафар Самад директори ин агентӣ таъйин шуд. ЗАфар Самад қаблан вазифаи муовини аввали директори Агентии зиддинашъаро иҷро менамуд.
Инчунин муовинони прокурори генералӣ иваз шуданд
Дар мувофиқа бо роҳбари давлат муовинони прокурори генералии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода, Мирзоамон Рофизода ва Сарпрокурори ҳарбӣ Икром Зоирзода аз вазифаашон озод шуданд.
Ба ҷои онҳо, Умед Каримзода ҳамчун муовини аввал ва Сарвар Азимзода ҳамчун муовини прокурори генералӣ ва Ҳабибулло Воҳидзода ҳамчун муовини прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбӣ пешниҳод гардиданд.
Пешниҳоди президент ба парламент фиристода шудааст ва вакилон бояд хулосабарорӣ намоянд.
Инчунин бо қарори ҳукумат муовини вазири корҳоди дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода аз вазифа озод карда шуд.
Бо ризоияти Эмомалӣ Раҳмон ду муовини раиси ВМКБ ҳам иваз карда шуд.
Дар пайи тағйироти кадрӣ дар мувофиқа бо президенти кишвар прокурори ВМКБ ва вилояти Хатлон, прокурори шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Сино ва Кӯшониён иваз шуданд.