Тағйироти кадрӣ дар ВКД, Бонки миллӣ, бахши телевизион ва дигар сохторҳои Тоҷикистон

Муҳимтарин хабарҳои рӯз.


Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

Ҷудокори маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Туркия дар мусобиқоти ҷудои вазни то 90 кг ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, Комроншоҳ бар намояндаи Эрон Сайидмуҳаммадризо Саидаминӣ, варзишгари мизбон Омер Айдин ва дар нимфинал бар ҷудочии Лубнон Карамноб Сагаипов ғолиб омада, вале дар финал аз намояндаи дигари мизбон Михаел Зганк мағлуб шуд.

Гуфта мешавад, намояндагони дигари Тоҷикистон Шодмон Ризоев дар вазни -81кг ва Абубакри Акобир дар вазни -100кг медалҳои медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдрас мешавад, ки қаблан дар варзиши сабук варзишгари мо Илдар Аҳмадиев, дар пара-тенниси рӯи миз Екатерина Ишенко медали нуқра ва дар гуштини юнонӣ-римӣ Асламҷон Азизов дар вазни -55кг ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -63кг медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ба ин тариқ, Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ миёни 56 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 27-ум аст.

Тағйироти кадрӣ дар ВКД – и Тоҷикистон. Муовинони вазир иваз шуданд

Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз 17 – уми август бо имзои қарорҳои нав муовинони нави вазири корҳои дохилиро таъйин кард, хабар медиҳад, дафтари матбуоти президент.

Тибқи қарори раисҷумҳур Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон ва Насимзода Акбар Ғиёс ба ҳайси муовинони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин шудаанд.

Дафтари раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон муовинони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Восеъ, Сангвор, Мурғоб ва Варзоб аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаву тахассусманд таъин гардиданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт.

Тағйироти кадрӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон

Бо фармонҳи президенти кишвар Фирдавс Толибзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод ва муовини аввали раиси ин ниҳод таъин шуд.

То ин дам муовини аввали раиси Бонки миллӣ  Ҷамолиддн Нурализода буд, ки чанд моҳ пеш аз ин мақом барканор гардид.

Дар асоси як фармони дигари президент, Моҳбону Накҳатзода аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод гардид.

Ҳамин тариқ, Алиҷон Салимзода, Фируз Шарифзода ва  Гулбаҳор Назирӣ  бо фармонҳои дигари президент, муовинони нави раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуданд.

Тағийроти кадрӣ дар бахши телевизион

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохтору идораҳои давлатӣ, ҳамчунин дар телевизиони “Тоҷикистон” ва телевизиони “Илм ва табиат” тағйироти кадрӣ анҷом дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикстон, бо қарори роҳбари кишвар Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон аз вазифаи ишғолнамудаи худ канор монд.

Дар ҳамин ҳол, бо қарори кишвардори Тоҷикистон, Шарифзода Саймукарам Ислом директори Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат” таъин карда шуд.

Ҳамзамон дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон, бо фармоиши Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон Самандар Искандарзода ба вазифаи директори шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” таъйин гардид.

Самандар Искандарзода дар ин вазифа Раҳматулло Хайруллозодаро иваз кард, ки соли 2020 директори шабакаи аввали телевизиони кишвар таъйин шуда буд.

Самандар Искандарзода аз соли 2009 дар шабакаи телевизиони “Тоҷикистон” кор намудааст. Дар Идораи барномаҳои иттилоотӣ муҳаррири хурд, муҳаррир, муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррир буд.

Давоми як шабонарӯз милитсияи Душанбе 5 зани қонушиканро боздошт намуд, ки 2 нафарашон ноболиғанд

Мақомоти милитсияи Душанбе давоми як шабонарӯз 5 нафар занони қонуншиканро боздошт намуданд, ки 2 нафари онҳо ҳоло 18-сола ҳам набуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар ҳодисаи аввал сокини 50-солаи пойтахт Мунаввар Нуралиева боздошт шудааст.

Номбурда дар манзили истиқоматии худ бо истифода аз ҳар гуна ашёҳо ба сеҳргариву ҷодугарӣ машғул гардида, бо ин роҳ маблағ ба даст меовардааст, – омадааст дар хабари Раёсат. – Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протокол тартиб дода шуда, ба маблағи 2560-сомонӣ ҷарима шуд”.

Ҳамин рӯз ду нафар ҷавондухтар, ки дар асл ҷисми солиму бозӯи неруманд доранд ва танҳо бо мақсади ба даст овардани мабағ худро маъюб вонамуд месозанд, муайян ва дастгир карда шуданд.

“Зимни санҷиш ошкор гардид, ки Сабрина Наскаковаи 22-сола ва хешовандаш Сафина Наскаковаи 18-сола, ҳарду сокини шаҳри Ваҳдат дар роҳи нақлиётгард худро маъюб вонамуд сохта, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекарданд”, – омадааст дар хабари милитсияи пойтахт.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуда, бо мақсади минбаъд ба чунин амали нагин даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.

Ғайр аз ин, дар асоси муроҷиати як нафар сокини шаҳри Душанбе ду нафар ноболиғ, духтарони 15 ва 16-солаи сокинони пойтахт барои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудани аксу наворҳои бадномкунанда дастгир карда шуданд. Аз духтарон ном бурда намешавад.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурдагон дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи махсус кушода, бо паҳн намудани аксу наворҳои дигар ҷавондухтарон аз онҳо маблағҳои пулӣ талаб мекардаанд”, – омадааст дар хабар.

Вобаста ба ҳолати мазкур бинобар сабаби ноболиғ будани дастгиршудагон нисбати волидайни протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори зиддиҳуқуқӣ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуданд.