Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 12:5207.08.2023
Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон имрӯз, 7-уми август дар ҳайати роҳбарӣ ва фармондеҳии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Бо фармонҳои роҳбари давлат муовини аввал-сардори Сарситоди ҚС, муовинони Фармондеҳи ҚС КДАМ Тоҷикистон ва дигар ҷузъу томҳои воҳиди мазкур иваз карда шуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи фармон:
Гуфта мешавад, тағйироти кадрӣ инчунин дар ҳайати роҳбарии отрядҳои сарҳадии вилояти Хатлон, ВМКБ, вилояти Суғд ва дигар воҳидҳои сохтории ҚС КДАМ ба амал омад.
Дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои навтаъин суҳбат намуда, аз беҳтар гардидани шароити зисту пешбурди хизмат дар Қӯшунҳои сарҳадӣ ёдовар шудааст.
Президент бо дарназардошти вазъи печидаву мураккаби минтақа ва ҷаҳон таъкид намуд, ки ҳамагуна қонуншиканӣ дар сарҳад бояд бартараф шавад.
Гуфта мешавад, роҳбари давлат бо таҳлилу баррасӣ аз ҳодисаҳои дар сарҳад рӯйдода, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷинояткории муташаккил, убури ғайриқонунии сарҳад, муносибатҳои ғайриоинномавӣ, қочоқи молу маҳсулот ва пешгирӣ аз амалҳои террористиву гуруҳҳои муташаккили ҷиноии фаромиллӣ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дастурҳои мушаххас доданд.
“Сарҳадбон будан вазифаи пуршарафу муқаддасест, ки тинҷиву амонии давлат, якпорчагӣ ва рушди минбаъдаи он аз хизмати софдилонаву садоқатмандонаи Шумо афсарону сарбозони шуҷои Ватан сахт вобастагӣ дорад”,- иброз намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Читайте также
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
1 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
7 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
11 дня назад