fbpx

Таҳқиқи навори зани оғушта дар хун: садамаи нақлиётӣ

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
садамаи нақлиётӣ дар пойтахти Тоҷикистон
Акс аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Бемори рӯҳиеро дар Турсунзода ба оташзании масҷидҳо гунаҳгор медонанд

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд ду масҷиде, ки дар шаҳри Турсунзода оташ гирифтааст, кори дасти як нафар бемори рӯҳӣ мебошад.

шаҳри Турсунзода дар Тоҷикистон

Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи тобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ менависад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 28-уми апрел, тахминан соати 8 дар масҷидҳои панҷвақтаи деҳаҳои Зиёраттут ва Сангқалъаи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст.

“Дар натиҷа сӯхтор бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттут ба пуррагӣ сӯхта, бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Сангқалъа қисман зарар дид”, – менависад ин нашрия.

Зикр мегардад, ки ин ду масҷидро сокини шаҳри Турсунзода Дилшод Ботирови 32-сола, ки бемории руҳӣ доштааст, оташ задааст.

Давлат Ботиров, падари Дилшод Ботиров гуфтааст, ки писараш чанд моҳи охир бинобар хуруҷи бемории руҳӣ дар шароити хона нигаҳдорӣ ва назорат мешуд.

“Рӯзҳои охир шароити нигаҳдориашро нисбатан сабуктар намудем, ӯ бо истифода аз ин ҳолат аз хона фирор карда, масҷидҳоро оташ задааст”- гуфтааст падари Дилшод Ботиров.

Ба навиштаи манбаъ, айни ҳол Дилшод Ботиров дар беморхонаи касалиҳои рӯҳии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ нигаҳдориву табобат мешавад ва вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур, мақомоти корҳои дохилӣ шарҳе надодааст.

Таҳқиқи навори зани оғушта дар хун: садамаи нақлиётӣ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз, 2-юми май наворе чарх мезад, ки дар он ҷавонзане оғуштаи хун дар байни роҳи мошингард мехобид.  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ин ҳодисаро таҳқиқ карда, расман шарҳ дод.

садамаи нақлиётӣ дар пойтахти Тоҷикистон
Акс аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Ба иттилои раёсат ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.

“Рӯзи 2-юми май, тахминан соати 01:00 дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофирбар, Маҳсединзода Амриддини 28-сола, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар рӯ ба рӯи бинои “Тоҷик Текстил” аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, як нафар пиёдагард-зани тахминан 25-30 соларо зада аз пой афтондааст”,- омадааст дар хабар.

Дар натиҷа, ҷавонзани пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Хатсайри автобусҳо байни Душанбеву Хуҷанд равуо мекунанд

Аз 1 май равуои автобусҳо бо хатсайри Душанбе – Хуҷанд оғоз шуд. Ин хатсайр аз ҷониби Asian Express ҳанӯз моҳи апрел дар саҳифаи ширкат дар Фейсбук эълон шуда буд.

Автобуси душанбе-хуҷанд-душанбе
Акс аз Asian Express

Ба иттилои Sugdnews, хатсайри аввал аз Душанбе ба Хуҷанд рӯзи 1 май раҳсипор шуда, имрӯз, 2 май аз он ҷо бозпас бармегардад.

Дар айни замон ширкат ба ин хатсайр 3 автобус ҷудо карда, вобаста ба талабот ва сарборӣ дар хатсайр, шумори он кам ё зиёд карда хоҳад шуд.

Мувофиқи ҷадвал, ҳамарӯза автобуси ин хатсайр соати 8-и субҳ аз автовокзали Душанбе (Asian Express Terminal) ба Хуҷанд раҳсипор мешавад.

Аз Хуҷанд ба Душанбе бошад, автобус соати 07:00 аз автовокзали кӯҳна (маҳаллаи Пахтакор) ба роҳ мебарояд.

Дар роҳи сафар автобус дар ду мавзеъ – Ҳушёрӣ ва Шаҳристон таваққуф мекунад.

Арзиши билет ба як самт 85 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин равуои автобусҳо бо хатсайри “Душанбе – Панҷакент” низ барқарор шуда, нархи билет ба як самт ба 70 сомонӣ баробар аст.

То ин дам байни пойтахти кишвар ва шаҳри Хуҷанд автобусҳои мусофирбар равуо намекарданд. Asian Express соли гузашта як сафари озмоишӣ анҷом дод, аммо бо сабаби корҳои таъмир дар нақби “Истиқлол”, он боздошта шуд.

Қобили зикр аст, ки дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе мусофирон танҳо аз таксӣ ва автомашинаҳои хусусӣ истифода бурда метавонистанд, ки арзиши сафар бо онҳо ба як самт аз 150 сомонӣ барои 1 нафар оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки «Asian Express» аз 11 апрел равуои автобусҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав роҳандозӣ намуд. Сафар бо автобуси бароҳати иборат аз 37 ҷойи нишаст тариқи ин хатсайр зиёда аз 66 соат вақтро дар бар мегирад.

Арзиши билет ба як самт – 1 200 сомонӣ. Автобусҳо бо ин хатсайр ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 9:00 ба роҳ мебароянд.

Андози блогерон дар се моҳ ба андозаи беш аз 543 ҳазор сомонӣ

Блогерҳои тоҷик дар семоҳаи аввали соли 2023 ба буҷаи давлат 543 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Дар ин бора Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози Тоҷикистон зимни чорабинии “Тавозун” дар Душанбе иттилоъ дод.

Ҷаласа бо блогерони тоҷик

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз дар Тоҷикистон 70 нафар блогер фаъолияти худро расман дар мақомоти андоз ба қайд гирифтаанд.

“Соли гузашта блогерони тоҷик 29,7 млн сомонӣ даромад доштаанд ва аз ин маблағ 1,3 млн сомонӣ ба буҷаи давлат андоз аз даромад супоридаанд”, – зикр кард Назирҷон Назирзода.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи андозбандии блогерон дар Тоҷикистон қаблан баҳсҳои доғро ба миён оварда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend