Таҳаммули 100 дараҷа гармӣ барои пешбурди рӯзгор: Қиссаи ҷолиби зиндаги нонпази тоҷик

Ба гуфтаи нонпаз Дилшод Ҷамилов танӯри кории онҳо аз 50 то 300 дараҷа гармӣ дорад. Гармии онро вобаста ба нони мепухтаашон мувофиқ мекунанд.


Ҳар касб мушкилот ва вижагиҳои худро дорад. Баъзе нафарон аз ҳисоби навиштан, кори ҷисмонӣ, варзиш ва нафароне ҳастанд, ки ба гармии то 300 дараҷаро таҳаммул мекунанд, то зиндагии худро пеш мебаранд.

Муаллифи Your.tj Дилшод Ҷамилови нонпазро дар нонвойхона вақти нонпазиаш дарёфт кард. Новобаста аз он ки ӯ дар обу арақ ғарқ ғӯта зада нонро аз танӯр берун меовард, барои суҳбат розигӣ дод. Танӯри кории нонпазҳо аз 50 то 300 дараҷа гармӣ дорад.

Ӯ ба мо аз пушаймонӣ, нозукиҳо, мушкилот ва манфиатҳои нонпазӣ қисса кард.

“72 соат кор бидуни истироҳат”

“Кори мо асосан шабона аст. Вобаста ба рафти кор рӯзҳои истироҳатӣ дорем. Аммо дар рӯзҳои истироҳатии мардум ва иду ҷашнҳо кори мо бештар мегардаду баъзан вақт 2-3 шабонарӯз бе истироҳат кор мекунем.  Аз ин рӯ бисёр мушкилӣ ҳам дорад. Ҳолатҳое мешавад, ки мо фармоиши зиёд мегирем ва дар як шабонарӯз аз 10 то 12 линга ордро дар се тафдон мепазем, – нонро аз танӯр берун оварда истода нақл мекунад Дилшод Ҷамилов. Ӯ арақҳои рӯяшро пок карда ба нақли худ идома дод. –  Гармии танури кории мо аз 50 то 300 градус мерасад. Онро мо вобаста ба нони тайёр мекардаамон омода мекунем. Хастагӣ, бехобӣ ва дигар мушкилиҳо моро ба ҳолатҳои ногувор оварда мерасонад.  Масалан баъзан вақт кувваи барқ хомӯш мешавад, мо фармоишро иҷро карда наметавонем. Ё ин ки аз хастагии зиёд дар хоб мемонем. Дар баъзе ҳолат фармоиш омода мешаваду ба фармоишгар маҳқул намешавад ё ӯ аз гирифтани нон даст мекашад. Дар ин гуна ҳолатҳо мо маҷбур мешавем, ки фармоишро дар қатори дигар нонҳо ба нархи арзон фурӯшем, то зарар зиёд нашавад”.

Дилшод нонро барои ба танӯр мондан омода мекунад

Мушкилоти зиндагӣ ӯро ба сӯйи нонпазӣ бурд

Дилшод Ҷамилов зодаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон буда, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Оилаи онҳо калон буда, ғайр аз апаву хоҳар дар оила шаш акаву бародар мебошанд. Бародарон дар зиндагӣ ба корҳои гуногун машғуланд. Дилшодро бошад, пайроҳаи зиндагӣ ба ҳар самт бурд ва дар охир ба касбе расонид, ки обрӯ ва мартабаи хешро аз он пайдо кард.

Соли 2006 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуда, аз рӯйи ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар риштаи волейбол таҳсил мекард. Аммо пас аз ду сол замони қарздор шудани  бародараш аз бонк аз хондан даст кашид. Чун он замон зиндагиашон мушкил гардид. “Он солҳо зиндагӣ ва таҳсил дар макотиби олӣ бисёр мушкил буд ва бар замми ин ба чунин ҳолат гирифтор шудам ва маҷбур будам, ки донишкадаро тарк намуда ба бародарам кумак намоям. Ҳамин тавр пурра ба нонпазӣ омадаму ба ин касб пайвастам”, – мегӯяд Дилшод.

Дилшод ҳангоми нонбандӣ

Бародар устоди бародар

Дилшод дар пешаи интихобнамудааш бародари худро устод медонад. Дилшод дар рӯзҳои истироҳатӣ ба корҳои бародари калониаш Илҳом дар нонвойхона кӯмак мекард ва ба кори ӯ диққат дода, нозукиҳои ин касбро омӯхтааст.  “Вақте аз таҳсил даст кашида пурра барои кор ба нонвойхона омадам, дар аввал ба кори нонкашӣ машғул шудам. Лекин кӯшиш мекардам, ки дигар корҳои ин касбро омӯзам ва мисли акаам аз уҳдаи ҳама кори нонвойхона ба хубӣ бароям. Аз ин рӯ, ба ҳар амали ӯ диққат медодам ва онро аз худ мекардам. Ҳамин буд, ки пас аз ду сол аллакай ба нонпазӣ шурӯъ намудам”, – нақл кард Дилшод.

Дилшод нони омодашударо аз танӯр берун меорад

Аз нони 20 – дирама то 100 – сомона

Дилшод пас аз соли 2010 ба як нонпази моҳир табдил ёфта байни сокинон шинохта шуд ва дар муддати фаъолият тарзи пухтани аксар нонҳои миллиро аз худ кард. Шавқу рағбат ва диди ҳунармандона ба вай имкон дод, ки навъҳои гуногуни нонро ба бозор бароварда, бо ҳунари волои хеш дастархони ҷашну маросими мардумро боз ҳам зебо гардонад. Имрӯз Дилшод аз уҳдаи пӯхтани навъҳои гуногуни кулча ва нонҳои калони тӯйӣ, ғафсак, гирдача, чаппотӣ, нони майда ва нон дар шакли пирамида баромада метавонад.

“Нонпазиро аз пухтани нони майда шурӯъ кардам, ки он замон нархи як нони майда аз 20 то 50 дирам буд. Тӯли се сол барои беҳтар гардонидани таҷрибаам танҳо нони хурд мепухтам. Кори аз ҳама мушкили нонвойхона ин пухтани нон ва аз ҳама нозуктар пухтани нони чаппотӣ аст, – мегӯяд Дилшод. – Ҳоло бошад аз уҳдаи тамоми кори нонвойхона ва пухтани ҳама намуди нон ва гулкорӣ кардани он ба хубӣ мебароям. Ёдам ҳаст, ки маҳсули дасти хешро то 100  сомонӣ савдо кардаам”

“Аз нонпазӣ даст кашидам, вале пушаймон шудам”

Ҳар як кор мушкилӣ, нозукӣ ва сабру таҳамулро талаб мекунад. Кори нонпазӣ ҳам бисёр мушкил аст ва на ҳар кас аз уҳдаи он ба хубӣ мебарояд. Дар зиндагӣ ҳолатҳое мешавад, ки инсон аз касби ва кори худ дилгир мешаваду ба кори дигар машғул шудан мехоҳад, аммо боз пушаймон шуда, бармегардад. Ин гуна ҳолат ҳам дар рӯзгори қаҳрамони мо низ  рух додааст.

“Вақте ки якчанд сол дар нонвойхона кор кардам аз бехобиву хастагии зиёд аз кор даст кашидам. Тӯли 2 сол дар корхонаи истеҳсоли коғаз ба ҳайси ронанда фаъолият намудам. Лекин он ҷо маоши кам мегирифтам, ки барои пешбурди зиндагӣ нокифоя буд. Фикр кардам ва маҷбур шудам, ки  ба касби пештараи худ машғул шавам. Бо ин мақсад мустақилона нонвойхонаи худро кушодаму ин ҳунарро идома додам ва муваффақ ҳам шудам. Зеро бисёр мушкилиҳои худро бартараф намудам”, – мегӯяд нонпаз.

Кӯлча барои тӯю маросимҳо

Дилшод дар соли аввали мустақилона фаъолият карданаш аз маблағи ҷамъкардааш тӯй барпо мекунад ва соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ мешавад. Инчунин вай аз рӯйи ин касб мошин харида, соҳиби замини наздиҳавлигӣ дар ноҳия мегардад.

Даъват аз Русия

Ҳунар ва маҳсули дасти Дилшод натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ шинохта шудааст. Ҳамин аст, ки ӯро барои кор ба Русия даъват мекунанд. Ӯ се маротиба ба Русия сафар карда, якуним сол ба нонпазӣ машғул мешавад.

Кор дар хориҷи кишвар барои ӯ осон буд ва маоши хуб ҳам мегирифт. Аммо ҳама он ҳунару истеъдоди хешро дар он ҷо амалӣ карда наметавонист. Ба қавли ӯ, ҳунараш хоси Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ мехоҳад, ки ҳамеша дар кишвари худ бошаду барои халқи азизаш хизмат намояд.

“Кор кардан дар Русия бароям ҳеҷ душворӣ надошт, чун он ҷо танҳо нонҳои майда мепухтам ва талабот низ танҳо ба ҳамин навъи нон зиёд аст. Дар як рӯз ду ё се линга ордро нон мекардем. Он ҳунаре, ки дар Тоҷикистон доштам, дар он ҷо талабгор надошт. Тасмим гирифтам, ки ба Ватан баргардам ва барои халқи худам хидмат кунам”, – қисса кард Дилшод.

Танӯри нонпазии Дилшод

Иштирок дар озмунҳо ва тарбияи шогирдон

Маҳсули дастони Ҷамилов Дилшод дар як қатор ҷашнҳои миллӣ ва озмунҳо ба намоиш гузошта шуда, аз тарафи ҳакамон қадрдонӣ шудаанд. Ҳар сол дар пойтахти кишвар озмуни нонпазӣ гузаронида мешавад, ки дар он нони “Саховат” – маҳсули дастони Дилшод ба намоиш гузошта мешаванд.  Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошад, аз ҷониби мақомоти гуногун барои ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни нон ба ӯ дархости меояд. Маҳз натиҷаи меҳнату заҳматҳояш ҳаст, ки маҳсули дастони ӯ чун армуғон аз ҷониби меҳмонон ва сайёҳон ба хориҷи кишвар бурда мешаванд.

Нонҳои омодакардаи Дилшод дар бозори Саховат

“Бо мақсанди оне ки касб ва ҳунари ман ҳамеша миёни мардум пойдор бошад, кӯшидаам дар ин роҳ нафарони зиёдеро аз нозукиҳои он чизе омӯхта бошам. Дар ин ҷода чандин шогирд тайёр намудам, ки онҳо дар Тоҷикистон ва Русия аз рӯйи ин пеша кору фаъолият доранд”, – гуфт Дилшод.

Ӯ аз пешаи интихобкардааш пушаймон нест. Зеро зиндагиро аз рӯйи ҳамин касб пеш бурда, аз уҳдаи ноҳубини зану фарзандони хеш мебарояд. Он маблағе, ки дар хориҷа ба даст меовард, имрӯз онро дар Тоҷикистон ҳам пайдо карда метавонад.

Умедҷони Каримхон, YOUR.tj