fbpx

Сухангӯи Ҷабҳа: Аҳмад Масъуд дар Афғонистон аст, вале ба хориҷ сафарҳо анҷом медиҳад

Сухангӯи Ҷабҳа ҳамчунин гуфтааст, ки Восиқ Кабир ҳеҷ иртиботе ба Ҷабҳаи муовимати миллии Афғонистон надорад.


0
Алӣ Майсам Назарӣ ва Аҳмад Масъуд

Алӣ Майсам Назарӣ, намояндаи расмӣ ё сухангӯи Ҷабҳаи муовимати миллии Афғонистон хабари айни ҳол дар Тоҷикистон будани Аҳмад Масъудро рад кардааст. Ӯ инро дар суҳбат бо бахшии дарии телевизиони “Садои Амрико”  иброз доштааст.

“Бубинед, мо намедонем, чаро чунин гузориш ба нашр расид. Касоне, ки ин гузоришро доданд, на намоянда, на сухангӯ ва аъзои Ҷабҳаи муовимати миллӣ мебошанд. Инчунин ба раҳбарияти ҷабҳа  ҳеч иртибот надоранд. Иттилооташон дақиқ нест. Ҷаноби Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муовимати миллӣ дар дохили Афғонистон аст. Ин табиист, ки як раҳбари сиёсӣ ва низомӣ метавонад, барои диду боздидҳо ба дигар кишварҳо рафтуомад дошта бошад”, – гуфтааст Майсам Назарӣ дар суҳбати худ.

Қаблан чӣ гузашта буд?

Расонаҳои дохиливу хориҷӣ чанд рӯз қабл дар такя ба хабаргузории русии ТАСС ва манбаи он Восиқ Кабир, волии пешини Панҷшер навишта буданд, ки Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон қарор дорад.

“Аҳмад Масъуд акнун дар Тоҷикистон аст, аммо гоҳе ба Афғонистон сафар мекунад ва дар онҷо бо гурӯҳҳои муқовимат дар минтақаҳои гуногуни кишвар вомехӯрад. Масъуд ҳоло талош дорад, ки барои мубориза бо “Толибон” ҳимояти кишварҳои мухталифро ба даст биёрад, – хабар дода буд ТАСС аз қавли Восиқ Кабир.

Роҳбари ягонаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кист?

Ҳамчунин дар ин суҳбат, ки зиёда аз 5 дақиқа идома кардааст, сухангӯи Ҷабҳа дар бораи роҳбари ягонаи Ҷабҳаи муовимат ва диди он ба ояндаи Афғонистон изҳори назар кардааст.

Алӣ Майсам Назарӣ дар суҳбати худ мегӯяд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон танҳо як раҳбар дорад ва ӯ Аҳмад Масъуд аст. “Ҷаноби Амруллоҳ Солеҳ сарпарасти раёсати ҷумҳури исломии Афғонистон ҳастанд. Миёни ин ду нафар ҳамоҳангӣ ҳаст, вале Ҷабҳаи муқовимат танҳо як роҳбар дорад”, – мегӯяд ӯ.

Ҳамчунин сухангӯи Ҷабҳа дар идомаи суҳбат мегӯяд, ки Ҷабҳа шахсони дигаре, ки эълони ҳимоят аз муқовимат кардаанд, истиқбол мекунад. “Нухбаҳои сиёсие, ки айни ҳол дар хориҷ кишвар ҳастанд, ҳаққашон аст, ки муқовиматро қабул ё рад кунанд. Аммо ягона Ҷабҳае, ки дар дохили Афғонистон алайҳи “Толибон”, ДОИШ ва “Ал-Қоида” муқовимат дорад, дар дохили Афғонистон ҳузури физикӣ дорад, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд аст”, – иброз медорад Алӣ Майсам Назарӣ.

Назари Ҷабҳа барои ояндаи Афғонистон чӣ гуна аст?

Алӣ Майсам Назарӣ мегӯяд, ҳадафи Ҷабҳаи муқовимат ин расидан ба адолати иҷтимоӣ, озодӣ ва истиқлоли комили Афғонистон мебошад.

“Ҳадаф ва диди мо як Афғонистни мустақил ва озод аст. Аз ҳама муҳимтар, ҳадафи аслии чиҳилсолаи мо, аз ҷумла ҳадафи Аҳмадшоҳи Масъуд ва бузургони дигар, ба мисли Абдулалии Мазорӣ, барқарории адолати иҷтимоӣ буд. Мо барои расидан ба адолати иҷтимоӣ, озодӣ ва истиқлоли комил ба як низоми ғайримутамаркиз ниёз дорем”, – мегӯяд ӯ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend