logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Суди Панҷакент ба марде барои ба шавҳар додани духтари ноболиғаш ҷазо таъйин кард

Тибқи моддаи 168 КҶ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол  ё  маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол муқаррар гардидааст.

Your tj

09:4824.07.2024

Суди Панҷакент ба марде барои ба шавҳар додани духтари ноболиғаш ҷазо таъйин кард

Суди шаҳри Панҷакент ба як сокини ин шаҳр барои ба шавҳар додани духтари ноболиғаш ҷазо таъйин кард. Дар ин бора дар сомонаи суд хабар нашр шудааст.

Дар он гуфта мешавад, судшаванда Ҳ.С. духтари ноболиғашро, ки ба синни никоҳи нарасидааст, ба сокини ш.Панҷакент ба шавҳар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, туйи хонадоршавии онҳо моҳи октябри соли 2023 аз рӯи анъанаҳои мусулмонӣ баргузор гардидааст.

Тибқи талаботи моддаи 13-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ аз 18-сола муқаррар карда шуда, дар ҳолатҳои истиснои суд ҳуқуқ дорад дар асоси хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

“Аммо, Ҳ.С. бар хилофи талаботи қонунҳои амалкунанда амал намуда, дидаву дониста, аз рӯи манфиатҳои шахсӣ духтари ноболиғи ба синни никоҳи нарасидаи худро ба шавҳар додааст, ки он ба озодӣ, баробарӣ ва инкишофи муътадили ҷисмонию маънавии охирон таъсири манфӣ дорад”,- қайд мешавад дар хабар.

Суди шаҳри Панҷакент ба судшаванда тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноятӣ, (Барои ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳи нарасида аз ҷониби падару модар) ҷазои таъйин кардааст.

Тибқи ин модда ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол  ё  маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то панҷ сол муқаррар гардидааст.

Муфассалтар дар бораи издивоҷи бармаҳал дар Тоҷикистон ва дар бораи он ки духтарони ноболиғ баъди издивоҷ кардан бо чӣ мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд дар ин ҷо бихонед.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ