Суди Олӣ ҳукми падареро, ки ба қатли писари 15-солааш айбдор мешуд, эълон кард

Суди Олии Тоҷикистон Парвиз Одинаевро, ки моҳи июли соли ҷорӣ бо гумони азобу шиканҷа ва куштани писари 15-солааш боздошт шуда буд, ба 25 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кардааст.

Дар ин бора Asia-Plus бо истинод ба ду манбаи мустақил хабар медиҳад. То ҳол маълумоти расмӣ дар бораи эълони ҳукм нашр нашудааст.

Яке аз манбаъҳо дар Суди Олӣ гуфтааст, ки “Парвиз Одинаев ба 25 соли зиндон маҳкум шуд”. Манбаи дигар аз миёни хешовандони Одинаев иттилоъ додааст, ки ҳукми 25-сола 11 ноябр содир гардидааст.

Ба гуфтаи ӯ, прокурор барои Одинаев 27 соли маҳрумият аз озодиро дархост карда буд.

Тибқи парванда, Парвиз Одинаев ҳамчун ҷазо писарашро ба мошин баста, тақрибан 50 метр кашола кардааст.

Ӯ ин амалро барои “тарбия” наворбардорӣ низ кардааст. Пас аз чанд соат вазъи писарбача шадидан бад шуда, ӯ фавтидааст.

Тафтиш ин амалро ҳамчун “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг шудааст” баҳогузорӣ кардааст.

Ҳодиса чӣ гуна буд?

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки марди 40-солаи сокини шаҳри Турсунзода бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва ба марг расондани писари 15-солааш дастгир шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда 26-уми июл, тахминан соати 10:00, писарашро барои ду маротиба дуздии маблағ, ба миқдори 800 ва 600 сомонӣ гумонбар донистааст.

“Барои ошкор ва иқрор намудан бо истифодаи зӯроварӣ писари ноболиғашро ба воситаи нақлиёти тамғаи “Тико” савор карда ба ҷойи беодам, ба заминҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бурда, бо ноқили тахминан 2-метрӣ аз пойи писараш баста, самти дигари ноқили мазкурро дар қафои воситаи нақлиёташ баста тахминан 100 метр кашола кардааст”,- менависад ВКД.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Радиои Озодӣ, дастгиршуда Парвиз Одинаев ва писараш Хисрав Одинаев ном дорад.

Тағоймурод Нурматов, раиси ҷамоати 10-солагии Истиқлолият 29-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ба маълумоти ӯ, писари ин мард баъди чанд маротиба танбеҳи падар ба хонаи як хешовандашон мегурезад.

“Баъдан мард фарзандашро гирифта ба як саҳро мебарад ва ба пушти мошин баста, ӯро кашола мекунад. Аз фаъолони деҳа ҳаминро фаҳмидем, ки гӯё ин мард пештар низ писарашро барои гапногирӣ зада бошад”, – афзудааст раиси ҷамоат.

Навори шиканҷаи ин наврас, ки зоҳиран худи падар сабт кардааст, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва хашми корбаронро барангехт.

Дар навор дида мешавад, ки наврас хуншор ва дар хоку хун олуда аст ва шахси сабткунанда аз ӯ мепурсад: “600 сомониро ту аз хона гирифтӣ?”.

Ба иттилои ВКД нисбати дастгиршуда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида буд.

Skip to toolbar