logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Суди олӣ ба ҳукми хушдомани Манора аз нав ду сол илова кард

Ҳукми Бибикалон Назироваро суд дубора ба ҳафт сол кардааст.

Your tj

18:3116.05.2023

Суди олӣ ба ҳукми хушдомани Манора аз нав ду сол илова кард

Ҳукми зане, ки дар худкушии келинаш дар ноҳияи Файзобод айбдор мешуд баъди аризаи эътирозии наздикони марҳум ва намояндаи прокуратура бо қарори Суди олӣ дубора тағйир ёфтааст.

Сокини ноҳияи Файзобод Бибикалон Назирова бо қарори суди ин ноҳия моҳи октябри соли гузашта додгоҳи, барои "ба худкушӣ расондан"-и келинаш ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд. Суди олӣ бошад, ин ҳукмро ду сол кам карда буд.

Дар айбномаи ин зан гуфта мешуд, ки бо фишори ӯ, келинаш Манораи Абдуфатоҳ даст ба худкушӣ задааст. Наздикони Манора якҷо бо прокуратура нисбати қарори Суди олӣ аризаи эътирозӣ навишта буданд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора дар суҳбат бо Радиои "Озодӣ" гуфтааст, бо назардошти ин ариза Суди олӣ парвандаро аз сар тафтиш кардааст. Имрӯз бо қарори дубораи Суди олӣ хуштомани Манора аз нав ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи ӯ, ба ин тартиб додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи Файзободро, ки ин занро аз аввал ба ҳафт соли зиндон маҳкум карда буд, дуруст ҳисобид ва ду сол кам шудани ҳукмро бекор кард.

“Мо ба прокуратура ва Судӣ олӣ шикоят карда будем. Прокуратура эътироз навишт. Ҷазои панҷ солро кам донистанд ва онро бекор намуда, аз сар баррасӣ карданд. Имрӯз дубора ҳукмро ҳафт сол карданд”-, гуфтааст ӯ.

Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд тобистони соли 2021 дар манзили зисташ мурда пайдо карданд. Ба хулосаи мақомот ин зан зарбҳои кордро худаш ба баданаш задааст ва ҳодисаро худкушӣ номиданд. Наздикони Манора ба худкушии ӯ бовар надоранд.

Мақомот расман тағйири дубораи ҳукми хушдомани Манораро шарҳ надодаанд. Наздикони Бибикалон Назирова низ аз суҳбат бо матбуот дар ин бора худдорӣ намудаанд.

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора мегӯяд, барои адолатхоҳӣ дар парвандаи марги духтараш ду сол талош кард ва гуфт, “аз ҳукми охирони додгоҳ розӣ аст.”

Манораи Абдуфаттоҳ соли 2015 бо як сокини ноҳияи Файзобод издивоҷ карда, ба гуфтаи наздикон, аз ибтидо бо хушдоманаш мушкил дошт. Ӯ се фарзанди хурдсол дорад, ки пас аз маргаш ба тарбияи шавҳараш супурда шудаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ