fbpx

«Сомон Эйр»: Дигар ба мусофирон «бутерброд» не, балки хӯроки гарм медиҳем

Мусофирон оиди хӯрокҳои ин ширкат дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мебаранд.


0

Намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шикоятҳои доимии мусофиронро оиди «бутерброд»- ҳое, ки ин ширкат ба мусофиронаш медиҳад, тасдиқ кард ва гуфт, шурӯъ аз моҳи март онҳо мусофирони худро бо хӯроки гарм таъмин мекунанд.

«Ширкат аз шикоятҳои мусофиронаш бохабар аст ва шурӯъ аз оғози соли нав ин масъаларо мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додааст. Мо ба хулосае омадем, ки аз моҳи март сар карда, мусофироне, ки дар хатсайрҳое, ки аз 2 соат зиёд тӯл мекашанд, мусофиронро бо хӯроки гарм таъмин кунем», – гуфт намояндаи ин ширкат Қосим Вализода, имрӯз, 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ.

Ӯ гуфт, ба пастшавии сифати хӯрокҳои ин ширкат пандемия таъсири бевоситаи худро расонида буд ва акнун онҳо имкон доранд, ки ин мушкилиҳоро бартараф кунанд.

Аммо шикояти мусофирон оиди «бутерброд»-и ин ширкат пеш аз пандемия низ вуҷуд дошт ва то ҳол шикоятҳо ба назар мерасад.

Ҳамчунин оиди шикояти шаҳрвандон дар бобати пешакӣ огоҳ накардани онҳо аз ба таъхир гузоштани вақти парвоз, гуфт, “мусофирон намехоҳанд, ки маълумотҳои шахсии худро ба мо пешниҳод кунанд, аз ин рӯ мо наметавонем онҳоро сари вақт огоҳ кунем”.

Малика Сафарзода 


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
6
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
2
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend