Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:1303.03.2026
Ширкати ҳавопаймоии Somon Air парвозҳоро дар хатсайри Душанбе - Дубай - Душанбе то 6 марти соли 2026 муваққатан боздошт. Дар ин бора хадамоти матбуотии ширкат хабар дод.
Ин қарор дар робита ба маҳдудиятҳои амалкунанда барои истифодаи фазои ҳавоии Ховари Миёна қабул шудааст.
Ба мусофироне, ки барои ин давра билет доранд, тавсия дода мешавад, ки пешакӣ парвозҳоро дар сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоӣ санҷанд ва барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба маркази тамос муроҷиат намоянд.
Машваратро метавон бо телефонҳои зерин гирифт: +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50, ҳамчунин тавассути WhatsApp бо рақами: +992 93 777 74 59.
Шоми дирӯз, ба иттилои расонаҳо, нахустин ҳавопаймои мусофирбар аз фурудгоҳи байналмилалии Дубай аз оғози ҷанг дар Ховари Миёна парвоз кард. Ҳавопаймо ба самти Самарқанд равона шуд.
Ҳазорҳо сайёҳ бинобар ҷанги Эрон бо ИМА ва Исроил дар кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс, аз ҷумла дар Амороти Муттаҳидаи Араб, дармондаанд. Аз 28 феврал ҷонибҳо ба ҳамдигар ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Дар пасманзари ин вазъ, ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба ин кишварҳо ва аз онҳо бекор ё мавқуф мегузоранд.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
2 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
5 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
5 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад