“Солимии зан – солимии миллат”. Дар Душанбе масъалаи солимии занон баррасӣ шуд

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии занон дар мавзӯъҳои тандурустӣ ва солимии равонӣ дар Душанбе занони фаъоли ҷомеа дар як ҳамоиш ҷамъ омаданд.

Мақсади асосии чорабинӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷилавгирӣ аз бемориҳои хатарнок ва дастгирии равонӣ барои занон буд.

Зане, ки саратонро паси сар кард ва ба дигарон кӯмак мекунад

Хоҷаева Зарафо, як иштирокдори ҳамоиши “Солимии зан – солимии миллат”  қисса кард, ки бовуҷуди дарду беморӣ умедаш канда нашудааст.

Ӯ бо 6 курси кимиёдармонӣ ва ҷароҳиву табобати нурӣ бемории саратонро паси сар карда, саломатиашро барқарор намудааст.

“Дар давоми ду сол аз сабаби фавти наздикон ҳолати рӯҳиву ҷисмониам хеле вазнин шуд. Ба духтур муроҷиат кардам. Табобати дусола бенатиҷа гузашт. Дар соли 2019 ба маркази саратоншиносӣ муроҷиат кардам. Вақте фаҳмидам, ки ба бемории саратон мубтало шудаам, дунё дар назарам торик гашт”,- нақл кард ӯ.

Бо ёрии дӯстон ва фонди хайриявии “Музаффар” ин зан тавонистааст, ки бо дард мубориза барад.

Имрӯз Зарафо  барои занҳое, ки ҳамтақдираш ҳастанд бо лоиҳаи “Дасти дӯст” пешниҳоди кӯмак медиҳад.

“Зеро модари солим фарзанди солим ба дунё меоварад”-, мегӯяд ӯ.

Ғизои солим, стресс ва ҳолатҳои равонии занон ва солимии ғадудҳо

Инчунин, дар ҳамоиш Гулнора Расулова, акушер-гинеколог баромад карда, дар бораи аҳамияти назорати саломатии занон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба занон суханронӣ намуд.

“Вақтро аз даст надиҳед. Вазн ва некӯаҳволии худро санҷед, ба мушкилоти саломатии кӯдаконатон диққат диҳед,  ваксинаву муоинаҳои тиббии онҳоро зери назорати ҷиддӣ гиред. Машқ кунед, дуруст истеъмол кунед ва хоби кофӣ гиред”,- таъкид кард Гулнора Расулова.

 

Дар рафти ҳамоиш Зебо Абдураҳмонова, равоншинос – дар бораи стресс ва ҳолатҳои равонии занон, Ширин Солиева, мутахассис оид ба ғизои солим – дар бораи ғизоҳои солим ва Дилафрӯз Туранова, ғадудшинос (эндокринолог) – дар бораи ғадудҳои хурд пайдоиш ва инкишофи онҳо маърӯза карданд.

Ба гуфтаи онҳо барои солим мондан ва гирифтор нашудан ба бемориҳои занона риоя кардани чанд қоидаи одӣ метавонад кӯмак кунад:

  • Истеъмоли мувозинатноки ғизои солим. Ба истеъмоли ғизои ғанӣ аз витаминҳо, минералҳо ва антиоксидантҳо диққат диҳед. Хӯрдани мева ва сабзавот, ғизоҳои ғанӣ аз йод (ба мисли моҳӣ, маҳсулоти баҳрӣ) метавонад барои саломатии ғадудҳо муфид бошанд.
  • Вазнро муътадил нигоҳ доред. Вазни аз меъёр зиёд ба ғадудҳо фишор оварда, метавонад боиси ихтилолҳои гормоналӣ гардад.
  • Машқи мунтазам. Варзиш ва ҳаракати ҷисмонӣ ба танзими гормонҳо ва беҳбуди саломатии умумӣ мусоидат мекунанд.
  • Стрессро коҳиш диҳед. Стресси дарозмуддат метавонад ба ғадудҳо таъсир расонад, пас кӯшиш кунед, ки ором бошед ва равишҳои оромсозӣ, ба монанди медитатсия ва нафаскашии амиқро омӯзед.
  • Молекулаҳои зараррасонро пешгирӣ кунед. Аз тамокукашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дурӣ ҷӯед, зеро ин омилҳо ба саломатии ғадудҳо ва системаи эндокринӣ зарар мерасонанд.
  • Ба саломатии ғадуди сипаршакл таваҷҷуҳ кунед. Баъзе бемориҳои ғадудӣ, ба монанди гипотиреоз ва гипертиреоз, ба камбуди йод марбутанд, пас санҷиши мунтазам ва назорати духтур муҳим аст.
  • Мунтазам ба табиб муроҷиат кардан. Барои санҷишҳои мунтазам ба эндокринолог муроҷиат кунед, то саломатии ғадудҳоро дар назорат гиред.

“Модар бояд солим бошад”

“Солимии зан – солимии миллат аст. Барои тарбияи фарзанди солим ва ҷомеаи солим модар бояд солим бошад”-, таъкид карданд табибон зимни ҳамоиш.

Ҳамчунин, иштирокдорон ҷанбаҳои асосии саломатии занон ва қадамҳои одии пешгирии бемориҳоро, ки ба ҳар як зан кӯмак мекунад, то худро беҳтар ва дилпур ҳис кунад, матраҳ карданд.

“Танҳо худи мо метавонем зиндагиамонро рангину пурмуҳтаво созем. Мо як бор ба дунё меоем ва бояд кӯшиш намоем то беҳтарин сармояи умр, саломатиро аз даст надиҳем”,- гуфт  Манзура Ҷураева, роҳбари Фонди хайриявии “Музаффар”.

С.У.

Skip to toolbar