Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:3628.10.2024
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии занон дар мавзӯъҳои тандурустӣ ва солимии равонӣ дар Душанбе занони фаъоли ҷомеа дар як ҳамоиш ҷамъ омаданд.
Мақсади асосии чорабинӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷилавгирӣ аз бемориҳои хатарнок ва дастгирии равонӣ барои занон буд.
Хоҷаева Зарафо, як иштирокдори ҳамоиши “Солимии зан – солимии миллат” қисса кард, ки бовуҷуди дарду беморӣ умедаш канда нашудааст.

Ӯ бо 6 курси кимиёдармонӣ ва ҷароҳиву табобати нурӣ бемории саратонро паси сар карда, саломатиашро барқарор намудааст.
“Дар давоми ду сол аз сабаби фавти наздикон ҳолати рӯҳиву ҷисмониам хеле вазнин шуд. Ба духтур муроҷиат кардам. Табобати дусола бенатиҷа гузашт. Дар соли 2019 ба маркази саратоншиносӣ муроҷиат кардам. Вақте фаҳмидам, ки ба бемории саратон мубтало шудаам, дунё дар назарам торик гашт”,- нақл кард ӯ.
Бо ёрии дӯстон ва фонди хайриявии “Музаффар” ин зан тавонистааст, ки бо дард мубориза барад.
Имрӯз Зарафо барои занҳое, ки ҳамтақдираш ҳастанд бо лоиҳаи “Дасти дӯст” пешниҳоди кӯмак медиҳад.
“Зеро модари солим фарзанди солим ба дунё меоварад”-, мегӯяд ӯ.

Инчунин, дар ҳамоиш Гулнора Расулова, акушер-гинеколог баромад карда, дар бораи аҳамияти назорати саломатии занон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои беҳтар кардани хизматрасониҳои тиббӣ ба занон суханронӣ намуд.
“Вақтро аз даст надиҳед. Вазн ва некӯаҳволии худро санҷед, ба мушкилоти саломатии кӯдаконатон диққат диҳед, ваксинаву муоинаҳои тиббии онҳоро зери назорати ҷиддӣ гиред. Машқ кунед, дуруст истеъмол кунед ва хоби кофӣ гиред”,- таъкид кард Гулнора Расулова.
Дар рафти ҳамоиш Зебо Абдураҳмонова, равоншинос – дар бораи стресс ва ҳолатҳои равонии занон, Ширин Солиева, мутахассис оид ба ғизои солим – дар бораи ғизоҳои солим ва Дилафрӯз Туранова, ғадудшинос (эндокринолог) – дар бораи ғадудҳои хурд пайдоиш ва инкишофи онҳо маърӯза карданд.

Ба гуфтаи онҳо барои солим мондан ва гирифтор нашудан ба бемориҳои занона риоя кардани чанд қоидаи одӣ метавонад кӯмак кунад:

“Солимии зан – солимии миллат аст. Барои тарбияи фарзанди солим ва ҷомеаи солим модар бояд солим бошад”-, таъкид карданд табибон зимни ҳамоиш.
Ҳамчунин, иштирокдорон ҷанбаҳои асосии саломатии занон ва қадамҳои одии пешгирии бемориҳоро, ки ба ҳар як зан кӯмак мекунад, то худро беҳтар ва дилпур ҳис кунад, матраҳ карданд.

“Танҳо худи мо метавонем зиндагиамонро рангину пурмуҳтаво созем. Мо як бор ба дунё меоем ва бояд кӯшиш намоем то беҳтарин сармояи умр, саломатиро аз даст надиҳем”,- гуфт Манзура Ҷураева, роҳбари Фонди хайриявии “Музаффар”.
С.У.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
3 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
6 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
6 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
7 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
9 дня назад