Ҷузъиёти даҳшатбори ҳодисае, ки зане чор фарзандашро кушт
Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи Назокатхон Тоирова, зане, ки рӯзи 9-сентябр дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон чор фарзандашро дар манизили зисташ бо роҳи нафасгир кардан кушта буд, оғоз кард.
Дар мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Назокатхон Тоирова айбнома эълон шуд. Бино ба ҷузъиёти тафтишоти пешакии қазия, муайян шудааст, ки Назокатхон Тоирова нимаи рӯзи 9-сентябр бо мақсади аз байни бурдани фарзандонаш бо баҳонаи бозии пинҳоншавак аввал писари калонӣ ва сипас ду фарзанди дигараршро ба ҳуҷрае даъват карда, бо як бераҳмии гӯшношунид мекушад (ҷузъиёти қазия дар дасти “Азия-плюс” ҳаст, вале бино ба назокатҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ аз нашри онҳо худдорӣ мешавад). Назокатхон Тоирова фарзанди хурдияшро дар гаҳвора нафасгир мекунад ва баъдан ҷасадашро бо дигар фарзандонаш якҷо мегузорад.
Баъди ин ба хотири худкушӣ кардан Назокатхон Тоирова даҳ дона ҳаби димедрол хӯрда, санадҳои хонаводагияшро оташ мезанад. Бино ба сабаби истеъмоли димедрол аз ҳуш меравад, аммо оташ сарфи назар аз иродаи ӯ хомӯш мешавад.
Баъдан, Тоирова ба ҳуш омада, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар рафта ба ҷинояти содиркардааш иқрор мешавад. Тавре дар ҷаласаи додгоҳӣ гуфта шуд, дар рафти тафтишоти пешакӣ гуноҳи номбурда пурра исботи худро ёфтааст. Худи гумонбар ҳам баъди қироъати айбнома ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.
Маҳмадҷон Тоиров шавҳари Назокат дар додгоҳ гуфтааст, ки ҳамсарам фарзандонамонро хуб парасторӣ мекард. “Ҳамеша онҳоро нигоҳубин мекард, бо фарзандони мактабхонам дарс таёр мекард, сару либосашонро ҳамеша тозаю озода нигоҳ медошт. Боре надида будам, ки кӯдаконро ҷанҷол карда бошад. Муносибатҳои оилавиамон низ хуб буд. Мо се моҳ боз аз бародаронамон ҷудо шуда, дар хонаи навсохтаи худамон зиндагӣ мекардем. Аз чизе камбудӣ надоштем”, – қайд кард Маҳмадҷон Тоиров.
413 сомонӣ: “Сомон эйр” парвозҳои Душанбе-Хуҷандро барқарор кард
Парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс аз 29 ноябр оғоз мешаванд, гуфтаfнд дар ширкати “Сомон эйр”. “Бо ҳадафи таъмини ниёзҳои мардум барои анҷом додани сафарҳо ширкати «Сомон Эйр» парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе” аз сар мегирад. Тавре интизор меравад парвозҳо дар як ҳафта ду бор сурат мегиранд. Арзиши билет 413 сомонӣ барои як тараф мебошад”,-илова карданд дар ширкат.
Ширкат мегӯяд, ки тибқи қоидаҳо ҳамаи мусофирон ҳангоми ҳузур доштан дар терминал ва ҳангоми парвоз бояд ба сурати ҳатмӣ ниқоб ва дасткаш дошта бошанд.
Парвози охирини ширкат дар хатсайри Душанбе Хуҷанд 27-уми марти соли 2020 буд. Дар ҳоли ҳозир парвозҳои мустақим танҳо дар хатсайри Душанбе-Истамбул-Душанбе ва Душанбе-Дубай-Душанбе мавҷуд асту халос.
Ба куҷо ва барои чӣ асъор аз Тоҷикистон берун меравад?
Тоҷикистон давоми соли равон хариди молу маҳсулотро аз хориҷи кишвар барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти дохилӣ кам кард, лекин то ҳол воридот нисбат ба содирот бартарӣ дорад, ки ба камбуди асъори хориҷӣ боис мегардад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ барои харидории молу маҳсулот аз хориҷа зиёда аз 2,5 млрд доллар харҷ шуда, аз содирооти маҳсулот ҳамагӣ 1,2 млрд доллар ба даст омадааст.
Дар навбати аввал асъор барои харидани маҳсулоти минералӣ (нафт ва маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт, маъдан ва консентратҳо) аз кишвар берун меравад. Барои харидани ин маҳсулот давоми моҳҳои январ-октябри соли равон беш аз 457,4 млн доллар сарф шудааст, ки ҳудуди 20% аз ҳаҷми умумии воридотро дар ин давра ташкил медиҳад.
Филми “Дар марз”-и Искандар Усмонов ҷоизаи ҷашнвораи кинои Эронро соҳиб шуд
Коргардони тоҷик Искандар Усмонов барои “Сенарияи беҳтарин дар филми ҳунарии кӯтоҳмуддат” ба ҷоизаи Ҷашнвораи байнулмилалии кинои “Муқовимат” дар Эрон сазовор дониста шуд.
Филми ӯ “Дар марз” аз рӯзгори пирамарде ҳикоят мекунад, ки беихтиёр асири марзбонони ду кишвар – Тоҷикистону Қирғизистон мешавад. Ӯ барои дидор бо хешовандонаш марзро гузаштанӣ шуда, 4 марзбони ҳар ду кишвар ӯро боздошт мекунанд ва байни худ ба муноқишаи лафзӣ мепардозанд.
Ҳар ду ҷониб пирамардро ҳатто то ба ҷосусӣ айбдор карда, вале баъдан маълум мешавад, ки ин амал барои гирифтани мукофот, унвони нав ё рухсатӣ барои дастгир кардани ӯ сурат гирифтааст.
Филм бо ҳамроҳ сари дастурхон нишастану тановули савғоҳои овардаи пирамард ба хешовандонаш – қирғизҳо ба анҷом мерасад.
Ҷашнвораи байнулмилалии кинои “Муқовимат” яке аз ҷашнвораҳои бонуфузи кино дар Эрон ба шумор меравад. Мавзӯъҳои кинои фестивал аз ҷаҳони бидуни терроризму нажодпарастӣ, ҷанг ва ғасби қаламрав иборат аст.
Манъи зиёфатҳои солинавии ҳамкорон дар Тоҷикистон
Бо қарори Сиоди ҷумҳуриявӣ ва шаҳрдории пойтахт, баргузории зиёфатҳои солинавии ҳамкорон (корпоративҳо) ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Қаблан бар асари пандемияи коронавирус таҷлили Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон манъ шуда, арчаи солинавӣ низ дар Душанбе гузошта намешавад.
Қаҳвахонаву тарабхонаҳо баста нашуда, лекин ба нишастҳо бо иштироки одамони сершумор иҷоза дода намешавад. “Онҳо кор карда, мизоҷонро дар шомҳои солинавӣ қабул мекунанд, лекин ба ҳар ҳол, баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст. Яъне одамон дар ин рӯзҳо чун ҳарвақта ба тарабхонаву қаҳвахонаҳо рафта метавонанд. Табиист, ки дар ин муассисаҳо бояд ҳамаи тадбирҳои бехатарӣ риоя шавад”, – изҳор доштанд дар шаҳрдорӣ.
Ҳамчунин зикр шуд, ки шояд наздикиҳои фарорасии Соли нав боз баъзе ҷузъиёти ин масъала дақиқ ва аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ қарори дахлдор қабул шавад.
38 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус
Ба ҳолати шоми 27-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 12084 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 86 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11478 нафар баробар шуд.