Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 17:4814.08.2024
Дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат 1-уми сентябр, ки ба рӯзи истироҳатии якшанбе рост меояд, Дарси сулҳ баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дод.
Дар соли хониши 2024-2025 тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, ки аз ин 125 ҳазорро духтарон ва 135 ҳазорро писарон ташкил медиҳанд.
Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ 3991 мактаб фаъолият мекунад, ки дар онҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд.
Ба иттилои Вазорати маориф, соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
22 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
22 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
4 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
4 дня назад