Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 18:1010.02.2025
Дар Тоҷикистон пайвандсозии узвҳои бадан зиёд шудааст. Соли 2024 дар кишвар 298 ҷароҳии пайвандсозии узвҳои бадан сурат гирифтааст, ки назар ба соли 2023 – 74 адад зиёд аст.
Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 10-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аксарияти онҳо пайвандсозии гурда ва ҷигар мебошанд, аз ҷумла 199 адад пайванди гурда ва 67 адад ҷигар сурат гирифтааст.
Абдуллозода қайд кард, ки 30 дарсади ҷароҳҳишудаҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла аз Узбекистон, Қирғизистон ва ҳатто Амрико мебошанд. Ба гуфтаи ӯ нархи ками ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб кардааст.
Вазири тандурустӣ гуфт, табибони тоҷик имкони пайванди дилу ғадуди зери меъда ва рударо низ доранд.
“Қонуни Тоҷикистон пайвандсозии хешутаборӣ ва пайвандсозии аз фавтро низ иҷозат медиҳад. Мутаассифона роҳҳи ҳалли пайвандсозӣ аз фавтро мо наёфтем”, - изҳор дошт Абдуллозода ва гуфт, ки ин гуна ҷароҳиҳо ҳатто дар кишварҳои исломӣ ва мусалмонӣ низ амалӣ мешавад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Читайте также
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
2 дня назад
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
6 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
9 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
9 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
10 дня назад