Як омӯзгори 59-сола аз деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳро сокинони Қирғизистон рӯзи 1-уми декабр рабуда, латукӯб кардаанд. Муаллим ҳоло дар бемористон бистарист.
Латукӯби муаллим
Чанде аз сокинони Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ гуфтаанд, ки дирӯз, 1-уми декабр, тақрибан соати 10-и рӯз Камолиддин Собиров, муовини мудири мактаби №64-и деҳа, дар наздикии мактаб “рабуда шудааст”.
То ҷое маълум шуд, муаллимро рабуда ба оғилхона дароварда латукӯб мекунанд ва танҳо соати 5-и бегоҳ раҳо мекунанд
Набихон Набиев, мудири мактаби рақами 64-и деҳаи Сомониён дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст: “Аз муаллим хоҳиш карда будам, ки рафтуомади бачаҳоро назорат кунанд. Як гурӯҳ аз сокинони маҳаллаи қирғизнишин ӯро ба мошин бор карда, бурдаанд. Танҳо бегоҳӣ бо дахолати кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот раҳо карданд.”
Нишонбой Собиров, писари Камолиддин Собиров, гуфтааст: “падарамро хеле азоб додаанд ва ҳоло ӯ дар беморхона бистарӣ аст.”
Як духтури шифохонаи ҷамоати Чоркӯҳ ба шарти зикр нашудани номаш, тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат муаллимро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона оварданд.
“Руй ва зери чашми муаллим Собиров кабуд шудаанд. Ба сабаби зарбу лат хӯрдан нафаскашиашон низ душвор шудааст. Ба қабурғаҳояшон задаанд. Ҳамчунин осори шиканҷа дар пояшон дида мешавад ва роҳ гаштанашон мушкил шудааст. Ҳоло ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара фиристодем,” – шарҳ дод духтур.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи рабуда ва латукӯб шудани муаллим расман хабаре надодаанд.
Қирғизистон низ аз боздошти шаҳрвандаш гуфт
Ҷониби Қирғизистон, баръакс, иддао дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини деҳаи Куктоши вилояти Бодкандро задаанд ва ӯ дар бемористон аст. Учқунбек Ҷӯрабоев, раиси ноҳияи Бодканд, гуфтааст, вазъи ӯ муътадил аст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ навиштааст, ки як сокини деҳа дар поёни рӯзи чаҳоршанбе ҳангоми ҷустуҷӯи чорво аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон латукӯб шудааст. Гуфта мешавад, ки он вақт шаҳрвандони Қирғизистон як сокини Тоҷикистонро дастгир карданд ва “баъд аз гуфтушунид мубодилаи шаҳрвандон сурат гирифт”
Як масъули ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон Камолиддин Собировро ғайриқонунӣ дар роҳи Куктош-Сомониён боздошт ва латукӯб кардаанд. Он рӯз як сокини мулкии Қирғизистон низ дар марзи Тоҷикистон боздошт ва баъдан раҳо карда шудааст.
“Шаҳрванди мо роҳгузар буд, аз роҳи оммавие, ки тоҷикон ва қирғизҳо истифода мебаранд вақти гаштугузор ғайриқонунӣ аз сӯйи сокинони деҳаи қирғизнишин боздошт шудаанд. Аммо як шаҳрванди Қирғизистон, ки дар марзи Тоҷикистон боздошт шуд, ба ҳудуди деҳаи Сомониён дохил шуда “разведка” кардааст”,-мегӯяд манбаъ.
Тирпарронӣ дар марз
Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи тирандозӣ дар марз бо Тоҷикистон низ хабар дода, гуфтааст, “шахсони номаълум аз самти Тоҷикистон аз туфанги шикорӣ 7-8 тир холӣ карданд.”
Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро шарҳ надодаанд.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз ба далели номуайян будани бахше аз сарҳад доғ ва мояи ҷанҷолу задухӯрдҳост.