fbpx

Сокинон: “Кай масҷидҳоро мекушоянд?” Мақомот: сабр кунед

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Азия-Плюс

Садамаи мудҳиш ҷони 5 нафарро бурд

Дирӯз, 7-уми январ дар километри 80-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар натиҷаи сарозер шудани автомашина ба ҷарии 400 – метра 5 нафар, аз ҷумла худи ронанда ва мусофиронаш ба ҳалокат расиданд.

Ронандаи 62-сола ва мусофиронаш ҳама сокинони деҳаи Қалъаи Дӯсти ноҳияи Деваштич буда, мусофирон бо ҳам хешу табори наздик ва ронанда ҳамсояашон будааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар.

Гуфта мешавад, боз як мусофири дигар – сокини 38-солаи ноҳияи Деваштич ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

“Дар мавриди кушодани масҷидҳо маълумоти расмӣ нагирифтаем”

Дар ҳоле ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон пайиҳам дар бораи сабт нашудани гирифтории сокинон ба COVID-19 хабар медиҳад, бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ кай боз шудани масҷидзоро мепурсанд. Масҷидҳои Тоҷикистон 10 моҳ инҷониб бастаанд.

Намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, дар мавриди кушодани масҷидҳо мақомоти тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 тасмим мегиранд. Як корманди ин ниҳод, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 8-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “баъзе пешниҳодҳо шудааст, аммо маълум нест мақомоти беҳдоштӣ дар ин маврид чӣ ҷавоб медиҳанд.”

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми январ дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз дар мавриди кушодани масҷидҳо маълумоти расмӣ нагирифтаанд. Ӯ шарҳи бештари мавзуъро ба салоҳияти Кумитаи дин ва Вазорати тандурустӣ вогузошт.

Тағйироти башардӯстонаи қонунҳо дар Маҷлиси миллӣ баҳс мешавад

Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 25 январ доир мегардад, тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулгардида баррасӣ мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ.

Аз ҷумла, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд, ки бо мақсади бештар башардӯстона гардидани қонунҳои кишвар қабул карда мешаванд.

Дар тағйироту иловаҳо ҷорӣ гардидани ҷазои маъмурӣ ба амалҳое, ки ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, низоъи миллӣ ё паст задани шаъну эътибори миллӣ, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал равона шудаанд, пешбинӣ шудааст.

Агар ин амалҳо дар маърази ом ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир шуда бошанд, ҳаҷми ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 60 сомонӣ) ва муҳлати ҳабси маъмурӣ аз 5 то 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Қаблан барои ин амал ба шаҳрвандон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард.

Дар ҳамин ҳол, агар шахсоне, ки барои амалҳои дар боло зикршуда ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда бошанду дар муддати як соли пас аз ҷазо гирифтан такроран онҳоро содир намоянд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, ба муҳлати аз 2 то 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда метавонанд.

Навсозии пули “Путовский”-и Душанбе ба таъхир афтод

Корҳои таъмиру навсозии пул дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд. Навсозии роҳи пиёдагард ва пули автомобилгардро, ки миёни мардум бештар бо номи пули “Путовский” маъруф аст, ҳанӯз соли 2019 эълон карда буданд.

Лекин тавре аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт хабар доданд, дар робита ба буҳрони соли гузашта корҳои таъмиру навсозӣ боздошта шудаанд.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби КВД «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» дар ҳамдастӣ бо Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8 майи соли 2019 таҳия шудааст.

Як падари тоҷик бо ду писараш аз Литва хостори паноҳандагӣ шудаанд

Се нафар тоҷикистониён ғайриқонунӣ марзи Литваро аз самти Беларус убур намуда, сипас баъди боздошт аз ҳукумати Литва мақоми паноҳандагӣ дархост намуданд, хабар медиҳад Хадамоти посбонии сарҳади давлатӣ (VSAT)-и Ҷумҳурии Литва.

Гуфта мешавад, сарҳадбонони Литва мушоҳида кардаанд, ки чӣ тавр дар мавзеи ҷангали як деҳа се нафар марзро ғайриқонунӣ гузашта, ба дохили кишвар равона шудаанд.

“Онҳоро дар деҳаи Даугидоняйи ноҳияи Шалчининкайск боздошт намуданд. Мард ва ду наврас каме бо забони русӣ гап мезаданд. Онҳо худро шаҳрвандони Тоҷикистон, падару писарон муаррифӣ карданд. Онҳо нусхаи шиносномаи кишвари худро доранд”, – қайд мешавад дар сомона.

Тибқи маълумоти Хадамоти мазкур, пас аз боздошт “хориҷиён мақоми гуреза доданро хоҳиш карданд”.

Сарҳадбонон онҳоро ба постгоҳи назоратии «Шальчининкай» овардааанд, ки дар он ҳуҷраҳои махсус барои дархосткунандагони мақоми гуреза вуҷуд дорад.

Зикр мегардад, ки афсарони шуъбаи муҳоҷирати Хадамоти марзбонӣ VSAT-и Варена ба анҷоми расмиёти аввалия оид ба пешниҳди мақоми паноҳандагӣ оғоз кардаанд. Дар ин бора Департаменти муҳоҷират хабар медиҳад, ки ба баррасии аризаҳо дар бораи додани мақоми паноҳандагӣ машғул аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend