Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:0426.05.2025
Суди вилояти Суғд Зокир Азамов, сокини 40-солаи ноҳияи Зафарободро барои куштори ҳамсар ва фарзанди 11-солааш ба ҳабси абад маҳкум кард.
Дар ин бора “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои судя Шӯҳрат Маҳмадназарӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷиноят шаби 28 ноябри соли 2024, дар заминаи рашк ва адовати оилавӣ рух додааст. Зокир Азамов, ки сокини ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод аст, бо гумони хиёнат аз тарафи ҳамсараш Фирӯза Азамова даст ба куштори ӯ ва фарзандаш Саёдхон задааст.
Тафтишот муайян кардааст, ки Азамов бо табаре, ки қаблан аз бозор бо нияти содир кардани ҷиноят харида буд, ҳамсар ва фарзандашро ба қатл расонда, ҷасадҳоро бо бензин оташ задааст, то изи ҷиноятро пинҳон кунад.
Зокир Азамов бар асоси қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми додгоҳ ба ҳабси абад маҳкум гардид.
Назари худи маҳкумшуда ва наздиконаш то ҳол дастрас нест.
Ба иттилои ВКД, дар соли 2024 дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 18 ҳолат бештар нисбат ба соли 2023 будааст.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
10 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
10 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад