fbpx

Сокини Истаравшан аз рашк ба ҳамсар ва додарарӯсаш корд задааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Марди тоҷик ба куштани ҳамсараш гумонбар аст
Акси марбута аз интернет

Теъдоди қурбониёни Туркияву Сурия аз марзи 35 ҳазор нафар гузашт

Теъдоди ҳалокшудагони заминларза дар Туркия тибқи иттилои хабаргузории “Anadolu” ба беш аз 31 ҳазор нафар расидааст. “Al Jazeera” дар бораи зиёда 4,5 ҳазор қурбонии зилзила дар Сурия хабар дода буд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон дар Туркия
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир шумораи қурбониён дар Туркия ба 31 643 нафар расида, 80 278 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар натиҷаи зилзила дар ин кишвар 66444 бино вайрон шудааст.

Теъдоди ҳалокшудагон ва маҷруҳон дар Сурия ҳам меафзояд. Дар ҳарду кишвар садҳо ҳазор нафар дигар бехона мондаанд. Корҳои наҷотдиҳӣ идома доранд ва дар онҳо наҷотбахшон аз 70 кишвар, аз ҷумла аз Тоҷикистон ширкат доранд.

Наҷотдиҳандагон бо гузашти 7 рӯз то ҳол дар зери харобаҳо одамони зиндаро пайдо мекунанд. Аз ҷумла гурӯҳи наҷотбахшони Тоҷикистон як рӯз пеш ду кӯдакро аз зери харобаҳо дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия зинда берун карданд.

Наҷотдиҳандагони тоҷик бо гузашти 151 соат аз офати табиӣ як кӯдаки 4-соларо аз зери харобаҳои бинои 9 – ошёна берун оварданд.

Қаблан, рӯзи шанбе наҷотдиҳандагони КҲФ як падар ва кӯдаки шашмоҳаро дар Туркия наҷот дода буданд.

Мақомоти Туркия дар робита ба фурӯрезии баландошёнаҳо тафтишотро оғоз ва беш аз 100 касро дастгир кардаанд. Зиёда аз 50 кас ба ғоратгарӣ айбдор мешавад. Президенти Туркия, Эрдуғон гуфт, онҳо аз ҷавобгарӣ озод нахоҳанд шуд.

Заминларзаи мудҳиши 7.7 дараҷаӣ шаби 6-уми феврал аввал Туркия ва чанд соат баъд бо неруи 7.6 дараҷаи ҷадвалри Рихтер Сурияро такон дод.

Хонаҳои зиёде дар ҳарду кишвар аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ ва биноҳои қадима осеб диданд ва ё аз байн рафтанд. Дар Туркия барои се моҳ вазъи фавқуллода эълон карданд.

Сокини Истаравшан аз рашк ба ҳамсар ва додарарӯсаш корд задааст

Нисбати як сокини 23 – солаи шаҳри Истаравшан парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ дар захмӣ кардани ҳамсараш ва бародари ноболиғи ӯ гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад маркази матбуотии ВКД ҶТ.

Куштор
Акс аз сомонаи inbusiness.kz

Гуфта мешавад, ки гумонбаршуда рӯзи 9 – уми феврал тахминан соати 23:00 ба хонаи волидайни ҳамсараш, ҷавонзани 19 – солаи сокини шаҳри мазкур даромадааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоме ки ҳамсараш хоб будааст, бо корд 3 – 4 маротиба ба аъзои бадани ӯ ва 1 маротиба ба бадани додарарӯсаш, ноболиғи 8 – сола, ки дар паҳлӯи ҳамсараш хоб буд, задааст.

“Дар натиҷа номбурдагон ба саломатиашон ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд”, – омадааст дар хабари ВКД.

Тавре дар хабар омадааст, мард аз ҳиссиёти рашк ба ин амали бераҳмона даст задааст. Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Аз Тоҷикистон қариб 400 нафар ба Британияи Кабир ба муҳоҷират рафтаанд

Соли гузашта 383 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд. Дар ин бора масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 13 – уми феврал хабар доданд.

Ҷамъоварии қулфинай дар Англия аз тарафи муҳоҷирон

Ба гуфтаи масъулини вазорат, коргарони тоҷик дар асоси ду озмун ва аз тарафи ширкати бритонии “Про – форс” интихоб шудаанд.

Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат ва муҳоҷират гуфт, коргарони тоҷик барои шаш моҳ ба Бритониё фиристода мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик дар Бритониё асосан дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд.

Муовини вазири меҳнат афзуд, моҳи январ гуруҳи навбатии коргарони тоҷик аз суҳбат гузаштаанд. Дар назар аст, ки охири моҳи март ё аввали апрели имсол гуруҳи навбатии муҳоҷирони тоҷик ба Бритониё фиристода шаванд.

Баъди берун шудан аз Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ба даъвати муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ кард. Ҳазорон муҳоҷир аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ба корҳои мавсимӣ дар киштзорҳои ин кишвар ҷалб шудаанд.

Пештар Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон аз афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ барои даъват ба кор дар ин кишвар хабар дод.

Бахши асосии муҳоҷирони тоҷик ба Русия мераванд. Вале ба хотири маоши кам ва тафтишҳои зиёд як қисми онҳо талош мекунанд худро ба кишварҳои аврупоӣ ва Бритониё расонанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend