Барои озори ҳамсараш сокини Душанберо ҷазои ҷиноятӣ интазор аст

Сокини 32-солаи Душанберо барои озори чандкаратаи ҳамсари собиқаш парвандаи ҷиноятӣ таҳдид мекунад

Бо шикояти як сокини шаҳри Душанбе собиқ шавҳараш, зодаи ноҳияи Восеъ аз ҷониби мақомот дастгир шудааст. Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванд Илҳомҷони Саъдуллои 32-сола пайваста ҳамсари собиқашро дашному ҳақорат намуда, мавриди озор қарор медодааст.

“Шаҳрванд Илҳомҷони Саъдулло, зодаи ноҳияи Восеъ, ҷамоати деҳоти Анористон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Навбаҳор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд”,- омадааст дар хабар

Гуфта мешавад, нисбати номбурда қаблан ду маротиба аз ҷониби кормандони милитсия барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

“Вале номбурда кирдорҳои зиддиҳуқуқии худро ислоҳ накарда, такроран санаи 27-уми май, тақрибан соати 15:00 дақиқа, дар ҳолати мастӣ, ҳангоми дар маҳаллаи Сомон қарор доштанаш, собиқ ҳамсари худро дашному ҳақорат намуда, шаъну шарафашро дар назди атрофиён паст задааст”,- менависад манбаъ.

Айни замон, вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудани Илҳомҷони Саъдулло, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки соли 2013 дар Тоҷикистон қонун “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул шудааст. Мутобиқи он, бо шахси хушунаткор суҳбатҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад ё ӯро ба ҳабси маъмурӣ мегиранд.

Дар сурате, ки зӯроварии ҷисмонӣ ба оқибатҳои вазнин ё маъюбӣ расонида бошад, ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 10 сол пешбинӣ шудааст.

Skip to toolbar