Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Содир Жапаров гуфтааст, минтақаҳои баҳснок бо Тоҷикистон «50 ба 50 тақсим карда шуданд»
Дата публикации: 16:0913.12.2024
Содир Жапаров президенти Қирғизистон дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Кабар” баъзе аз нуктаҳои созиши марзӣ бо Тоҷикистонро шарҳ дода гуфтааст, минтақаҳои баҳснок бо Тоҷикистон «50 ба 50 тақсим карда шуданд».
Ба гуфтаи ӯ, минтақаҳои баҳсноки марзӣ дар байни ду ҳамсоя баробар (50/50) тақсим карда шуданд.
“Баъзе аз қитъаҳо бо шароити баробар иваз карда шуданд. Ҳоло кори санадгузорӣ дар ҳоли анҷомёбист”,- афзудааст ӯ.
Вале аз минтақаҳои “тақсимшуда” ном бурда нашудааст ва чӣ гуна тақсим шудани он ҳам ҳанӯз маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора изҳороти расмӣ надодаанд.
Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 4-уми декабр аз мувофиқа дар тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии ду кишвар ва пурра ба анҷом расидани он хабар доданд.
Содир Жапаров рӯзи 13-уми декабр дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Кабар” гуфтааст, масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон “бо дар назар гирифтани манфиатҳои ду кишвар ҳал шуд”.
“Ҳангоми таъйини хати сарҳад бартарӣ додан ба як тараф ғайриимкон аст. Усули баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои ду ҷониб бояд риоя карда шавад”,- афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, баъд аз поёни кори комиссияи байниҳукуматӣ, санадҳоро вазирони умури хориҷӣ имзо, порлумонҳои ду кишвар тасвиб ва раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон имзо ва ниҳоӣ хоҳанд кард.
Вай афзудааст, пас аз поёни кори комиссияи байниҳукуматӣ гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳам боз хоҳанд шуд. Ин гузаргоҳҳо аз соли 2021, баъд аз задухӯрди мусаллаҳона бастаанд.
“Кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ талаби аҳолии маҳаллӣ низ ҳаст. Аз баста будани марз ҳарду тараф зарари иқтисодӣ дид. Робитаҳои тиҷоратӣ қатъ шуд. Ҳоло ҳадафи мо кушодани гузаргоҳҳи сарҳадӣ ва ба сатҳи баландтарин расонидани додугирифт аст”,- илова кардааст Содир Жапаров.
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
9 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
9 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад