fbpx

Соҳибкоронро барои боло бурдани нарх ҷарима карданд. Нархи масҳулот паст мешавад?

Мухтасари хабарҳо рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point

Дар зарфи 6 сол ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 37 баробар афзуд

Тайи 6 соли охир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 37 баробар зиёд шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода бо муовини якуми вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов рӯзи 26 май зикр шуд, ки  дар зарфи 4 моҳи соли 2022 ин нишондиҳанда ба 173,6 млн доллар расид, ки 40,5 млн доллар ё худ 30,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.

Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо мувофиқасозии сохтори лоиҳаи Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, иҷрои протоколи қаблӣ ва ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатиро баррасӣ намуданд.

“Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба бо истифода аз имкониятҳои зиёди мавҷуда баён намуданд.

Ёдрас мекунем, ки бо сари ҳокимият омадани президенти амалкунандаи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 муносибатҳо байни ду кишвар ба сатҳи нав баромаданд.

Нӯҳ медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи таэквондо (WT)дар Тошканд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо WT ба ифтихори Бак Мун Ҷонг дар шаҳри Тошканд нӯҳ медал (чор нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа 900 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 36 варзишгар дохил буд. Мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон сурат гирифт.

Дар сабқати наврасон Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни 45 кило миёни писарон ва Мино Шарифова дар вазни 55 кило байни духтарон бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Дар сабқати бузургсолон Фарида Ғуломова оид ба пумсе ва Муниса Ойматова дар вазни 53 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Хосият Сафарова (41 кг), Нурина Алиназарова (41 кг) миёни наврасон, Муниса Исматова (57 кг), Муҳаммадҷон Суннатов (63 кг) ва Абдумуталиб Мирзоев (58 кг) байни бузургсолон медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон мақоми аввалро касб кард. Дастаи Қазоқистон ҷои дувум ва мунтахаби Тоҷикистон ҷои севумро соҳиб шуданд.

Соҳибкоронро барои боло бурдани нарх ҷарима карданд. Нархи масҳулот паст мешавад?

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон даҳҳо соҳибкорро барои боло бурдани нархи маҳсулот беш аз 2 млн сомонӣ ҷарима кардааст.

Ин ниҳод гуфтааст, масъулини хадамот дар пайи 74 санҷиши нақшавӣ ва ғайринақшавӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 фурӯшандаҳо ва воридкунандагони маҳсулоти ниёзи аввалияро ба маблағи 2 миллиону 47 ҳазору 495 сомонӣ ҷарима кардаанд. Аз ҳисоби соҳибкорони ҷаримашуда 619 ҳазору 546 сомонӣ ба буҷа ворид шудааст.

– Дар маҷмуъ, дар семоҳаи якуми соли 2022 аз рӯи натиҷаи 74 санҷишҳои гузаронидашудаи нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маблағи 2 миллиони 47 ҳазору  495 сомонӣ аз ҳисоби вайронкунии қонунгузории зиддиинҳисорӣ ошкор гардида, маблағи 25 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима карда шудааст. Аз миқдори маблағи зикршуда ҳаҷми 619546,84 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ гузаронида шудааст, – гуфтанд аз Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон.

Ҷаримаи даҳҳо соҳибкори тоҷик дар ҳолест, ки сокинон аз баланд бардоштани нархи маҳсулот аз ҷониби фурӯшандаҳо пайваста шикоят мекунанд. Махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, ба мисли орд, равған, гӯшт, шакар, биринҷ ва ғайра тайи як соли охир ба ҳадди гушношунид баланд шуданд. Масалан агар як сол пештар нархи як халта орди 50 кг 270 сомониро ташкил медод, ҳоло дар бозорҳо он аз 370 то 400 сомонӣ нарх дорад. Ҳамин тариқ, нархи равған ҳам назар ба як соли пеш қариб як баробар гарон шудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳамеша аз назорати бозор ва танзими нархи 19 маҳсулоти ниёзи аввалия, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ шудааст, таъкид мекунанд, вале сокинон мегӯянд, кӯшиши онҳо самаре намедиҳад.

Екатеринбург: Ду муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 32-юм афтода ҳалок шуданд

Дар сохтмони як бинои баландошёна дар шаҳри Ектеринбург ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд. Таноби аробае, ки дар девори ошёнаи 32-юм буду онҳо дар болои он қарор доштанд, канда шуда, онҳо ба замин сарозер рафтаанд.

Ҳалокшудагон Далерҷон Тӯрақулови 27-сола ва Насимҷон Эшмуродови 33-сола, сокинони деҳаи Гулистон ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд.

“Роҳбари ширкати сохтмон дар интиқоли ҷасадҳо ба ватан ва дигар масоил кумак мекунад. Айни замон бародари яке аз ҳалокшудагон дар Екатеринбург қарор дошта, хешовандони фавтидаи дигар имрӯз аз Маскав меоянд”, – гуфтанд дар консулгарии генералӣ.

Ба иттилои манбаъ, шуъбаи тафтишоти ноҳияи Ленини Екатеринбург аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Тавре ки нашрияи онлайнии «Е1.RU» хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 26 май рух дода, таноби як тарафи ароба канда мешавад ва мардон аз ошёнаи 32-юм ба замин меафтанд.

Гуфта мешавад, шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, гӯиё бори ароба аз меъёр зиёд ва хеле вазнин будааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend