Соҳибкори тоҷик дар Русия “Беҳтарин хайрхоҳи муҳоҷирон” интихоб шуд  

Фирдавс Наимов як соҳибкори тоҷик, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад, сазовори ҷоизаи “Беҳтарин хайрхоҳи муҳоҷирон” дар соли 2021 гардид.

Ҷоизаи мазкур ба соҳибкори тоҷик аз ҷониби Созмони ҳимоятгари ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия , “Тонг жаҳонӣ” (“Дунёи забонҳо”) супорида шуд. Ҷоизаи “беҳтарин хайрхози муҳоҷирон” дар Русия аз ҳамасола аз ҷониби дастандаркорон баргузор мегардад. Онро ба нафаре тақдим мекунанд, ки пайваста ба муҳоҷирон кӯмак намояд.

Ҳангоми тақдими ҷоиза ба соҳибкори тоҷик, як намояндаи созмони созмони “Тонг жаҳонӣ” гуфт, ӯ ҳамчун шаҳрванди Ӯзбекистон ба ба тоҷикҳо ҳасад мебарад.

“Ман чун шаҳрванди Ӯзбекистон ба тоҷикон ҳасад мебарам, ки шахсеро чун Фирдавс Наимов доранд. Ӯро барои кори хайр даъват кардан аслан зарурат надорад, чун худаш ҳамеша ба анҷоми корҳои хайр ҳозир аст”, – мегӯяд, намояндаи “Тонг жаҳонӣ”.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки соҳибкори тоҷик ҳамеша ба созмон худаш кӯмакрасониро пешниҳод мекунад.

Тибқи иттилои ба даст омада, Фирдавс Наимов дар шаҳри Маскав кору фаъолият мекунад. Ӯ муассис ва мудири кулли ширкати нақлиётии “Русмостранс” мебошад. Ширкати мазкур ба интиқоли бор дар қаламрави Русия ва берун аз он, аз ҷумла ба Тоҷикистон машғул аст.

Созмони “Тонг жаҳонӣ”  аз ҷониби ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон Валентина Чупик таъсис ёфтааст. Он яке аз созмонҳои қавитарин дар арсаи ҳимоят аз ҳуқуқи  муҳоҷирон дар Русия ба шумор меравад.

Лозим ба ёдоварист, ки Валентина Чупикро аз Русия то соли 2051 ихроҷ кардаанд, вале созмони таъсисдодааш то ҳол фаъол аст.

Skip to toolbar