fbpx

Соҳибкори Хуҷандӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мактаб бунёд кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Мактаб дар кишлоқи Гази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ. Акс аз Азия-Плюс

Дар Суғд хушунат нисбат ба мардон зиёд шудааст

Ба Маркази занони “Гулрухсор” як созмони ҷамъиятие, ки бо қурбониёни хушунат дар вилояти Суғд кор мекунад, дар як соли ахир шикояти мардон аз хушунатҳои хонаводагӣ зиёд шудааст.  Давоми 10 моҳи соли равон ба ин марказ 1805 нафар муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 400 нафар зиёд мебошад.

Масъулони ин марказ мегӯянд, ки “агар соле пеш 58 мард бо сабабҳои гуногун  муроҷиат карда бошанд, имсол ин шумора ба 95 нафар расидааст. Дар байни ин  мардон  гирифторони хушунати хонаводагӣ ҳам ҳастанд”.

Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд ҳам ба “Азия-плюс” гуфтанд, ки “дар давоми 10 моҳи соли равон 1350 ариза  вобаста ба  зӯроварӣ ва хушунат дар оила ворид  шудааст, ки нисбати соли гузашта камтар мебошад. Соле қабл дар ин давра 1449 муроҷиати шаҳрвадон  ба қайд гирифта шуда  буд.

Аммо соли ҷорӣ муроҷиати мардоне ки ба хушунат гирифтор гардидаанд, бештар шудааст. Аар соли 2019  182 ҳолати зӯроварӣ ва хушунат нисбати мардон ба қайд гирифта шуда  бошад, имсол он ба 191 ҳолат баробар гардидааст”.

Коронавирус: парвозҳо ба Дубай кам шуданд

Ширкати ҳавопаймоии fly Dubai  анҷоми парвозҳо дар ду хатсайр – рӯзи шанбе аз Душанбе ба Дубай ва рӯзи ҷумъа аз Дубай ба Душанберо бекор кард. Акнун парвоз тариқи ин хатсайр дар як ҳафта як маротиба – рӯзи сешанбе аз Дубай ба Душанбе ва рӯзи чоршанбе бозпас анҷом дода мешавад, хабар додааст директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим муваққатӣ аст ва бо ба эътидол омадани вазъ қарор бекор шуда, парвозҳо бо ҷадвали пешина анҷом дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки як парвоз аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” ва парвози дуюм аз ҷониби ширкати fly Dubai иҷро карда мешавад.

Субҳонзода изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳо ба хатсайрҳои Душанбе-Тошканд ва Душанбе – Урумчӣ низ омода буда, тасмими Ӯзбекистон ва Хитойро дар ин масъала интизор аст.

Пулиси Душанбе пиёдагардон ва ронандагонро ҷарима бастааст

Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар як амалиёти шартие бо номи “Эстакада” 140 ронандаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва хусусиро барои таваққуфи нодуруст ва истодану нигоҳ доштани нақлиёт дар ҳудуди эстакадаҳо ва аз ҷойҳои муқарарнашудаи роҳ савор кардани мусофирон ҷарима бастааст. Инчунин ин ниҳод  535 ҳолати  убури ғайриқонунии роҳ ва поймол кардани гулгаштҳо аз сӯйи пиёдагардҳоро ошкор кардааст.

Гуфта мешавад дар миёни 535 нафаре, ки барои убури ғайриқонунии роҳ ва поймол намудани гулу буттаҳои ороишӣ ошкор шудаанд аксарашон сокинони биноҳои баландошёнаи атрофии эстакадаҳо ва донишҷӯёну хонандагони муаассаҳои таълимӣ будаанд.

Бино ба иттилои пулис ин сокинонро низ протоколи маъмурӣ кардаанд.

Соҳибкори Хуҷандӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мактаб бунёд кард

Соҳибкори Хуҷандӣ Ҳусаинов Нуритдин баъди азнавсозии мактаби рақами 18 дар деҳаи Деҳҳавзи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба мушкилии аз таҳсил дурмондани хонандагон нуқта гузошт.

Ин мактаб рӯзи 24-уми ноябр дар ягона деҳаи дурдаст, ки аз маркази Кӯҳистони Мастчоҳ дар 95 километр дурӣ ҷойгир аст, барои фарогирии беш аз 110 хонанда ба истифода дода шуд. Мактаб аз 6 синфхона иборат аст. Солҳост фарзандони ин деҳа бинобар дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактаб ва набуди ҷойи таҳсил синфи 10-11-ро намехонданд ва аксаран дур аз таҳсил монда буданд.

Муассиси ширкати “Роҳи сомон” Ҳусаинов Нуритдин, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт,  баъд аз он ки фаҳмид дар деҳаи Деҳҳавзи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мушкилии набуди мактаби нав вуҷуд дорад ин иқдомро рӯйи даст гирифт. Ӯ мегӯяд, бо масрафи наздик ба 1 миллион сомонӣ мактаби садамавиро аз нав таъмир кард ва ба мушкилии аз таҳсил дурмондани хонандагон нуқта гузошт.

36 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус

Ба ҳолати шоми 26-уми ноябр бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 нафар ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд. Шумораи умумии гирифторони ин беморӣ ба 12044 нафар расид. Аз оғози пандемия то имрӯз 86 нафар фавтидаанд. Шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11437 нафар баробар шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend