fbpx

Соҳиби ҳунари мардона. Чӣ тавр як ҷавонзан дар Хуҷанд коргоҳи таъмири автомобил кушод

Мавзуна Сангинова дер бо орзуи кушодани коргоҳи таъмири автомобилро дошт.


0

Мавзуна Сангинова, сокини шаҳри Бӯстон соҳиби касби челонгарӣ аст. Ин ҷавонзани 29-сола ҳамчун устои муҳаррики автомобил низ фаъолият мекунад. Соли гузашта ӯ гранти президентиро ба даст овард. Бо ин грант дар шаҳри Хуҷанд нуқтаи таъмири муҳаррики автомобил кушод.

Дар арафаи Рӯзи бонувон Your.tj тасмим гирифт аз иқдоми ин ҷавонзан ва фаъолияти ӯ ёдовар шавад.

Барандаи гранти президентӣ

Байни 200 нафар довталаб, ки ҳама зан буданд, бурди грант осон нест. Ба нақли Мавзуна барои дарёфти грант дархост дода, чандин маротиба ба пойтахт низ рафтааст, то онро ҳимоя намояд.

“Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ камаш 20 маротиба пойтахт сафар намуда, чор моҳ шабу рӯз меҳнат кардам. Бовариам набуд, ки ғолиби озмун мешавам, чун маблағи аз ҳама зиёдро ман талаб карда будам”, –  нақл мекунад, ӯ.

Мавзуна байни ин занҳо ягона нафаре буд, ки лоиҳаи ташкил намудани коргоҳи таъмири автомобил ба маблағи 40 000 сомонӣ пешниҳод карда буд. Аксарият барои ташкили коргоҳи дӯзандагиву кошонаи ҳусн ва ё сехи каннодӣ дархост дода буданд.

Пас аз гирифтани маблағ Мавзуна аз пйи кушодани коргоҳ мешавад. Таҷҳизоти лозимаро аз Чин харидорӣ мекунад ва коргоҳро таъмир менамояд.

“Баъди дастрас кардани маблағ, таҷҳизоти даркориамро аз Чин харидорӣ намудам. Сипас ба маблағҳои ҷамъовардаи худам коргоҳро таъмир намуда, барои васли таҷҳизот омодагӣ дидам. Ниҳоят пас аз анҷоми тамоми корҳову бартараф кардани мукилиҳо коргоҳро ифтитоҳ кардем”, –  мегӯяд, Мавзуна.

Идомадиҳандаи касби падар

Мавзуна хатмкардаи Литсейи касбӣ – техникии № – и 44 шаҳри Хуҷанд аст. Дар бахши челонгарии ин литсей таҳсил намудааст. То ин дам дар коргоҳи таъмири мошинҳои устодаш кор мекард.

Дар ин ришта таҳсил кардани ӯ ба он далел аст, ки падари Мавзуна устои мошин буд ва ӯ аз хурдӣ бо падараш ба таъмири мошинҳо машғул мешуду нозукиҳои ин корро меомӯхт.

“Аз хурдӣ ба ҳамин касб шавқ доштам, чун падарам устои мошин буданд. Дар вақтҳои холигӣ ба падарам кӯмак мерасондам. Вақте ки шахс ба ягон кор шавқу завқ дорад, ягон мушкили сади роҳ шуда наметавонад. Аз ин рӯ ман ба литсейи касбӣ дохил шудам.

Байни 29 нафар писарон ман ягона зан дар ихтисоси челонгар будам. Вақте ки бори аввал вориди синфхона гаштам хамкурсонам бо тааҷҷуб ба ман нигоҳ карданд. Ҳоло як ҳамкурсам ҳамроҳам дар ин коргоҳ фаъолият мекунад”, нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Мавзуна давоми ду соли таҳсил пас аз дарсҳо ба коргоҳи таъмири мошинҳо “Баҳром – сервис” назди устодаш Акмал Атохучаев мерафт. Тамоми нозукиҳои корро аз ӯ омӯхтааст. Акмал Атохуҷаев Мавзунаро тавсиф намуда аз ӯ ҳамчун як устои моҳир ном бурд.

“Давоми 25 соли таҷрибаи кориам шогирдони зиёд  тарбия намудам, лекин аз байни ҳамаи онҳо Мавзуна ягона зан, ҷиддӣ ба касбаш меҳр баста мутахассис шуду имрӯз соҳиби устохонаи худ гашт.  Хислатҳои зиракӣ, нуқтасанҷу бомасъулиятӣ ва мардонагиаш аз сохибкасб шуданаш дарак медиҳад” -, мегӯяд, Акмал Атохуҷаев.

Мавзуна мегӯяд, ки кушодани коргоҳи таъмири мошинҳо яке аз орзуҳои чандинсолаи ӯ буд ва агар соҳиби гарнт низ намешуд бо ҳар роҳе чунин коргоҳ мекушод.

“Ҳангоме дар коргоҳи устодам медидам, ки чӣ тавр он кас мушкили чандин касонро ҳал мекунанд, шогирдонашонро ҷамъ оварда иловатан меомӯзонанд, ҳавасам меомад. Орзу мекардам, ки рӯзе чунин коргоҳ мекушояму ба мардум хизмат мерасонам. Агар соҳиби грант намешудам шояд мошинамро мефурӯхтам”, – мегӯяд, Мавзуна.

Нақшаҳои оянда

Қаҳрамони мо оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад. Шавҳараш устои таъмири хона аст. Мавзуна мегӯяд, шавҳараш барои кушодани коргоҳ ҳамеша ёрирасон аст.

Шояд аз пушташ ӯро барои касби интихобкардааш носазо гӯянд, аммо ин барои ӯ муҳим нест. Ӯ ба чунин суханҳо аҳамият намедиҳад.

“Ман аз меҳнати ҳалол кардан ҳеҷ гоҳ шарм намедорам. То ин дам барои пешбурди зиндагӣ дар Русия муҳоҷир будам, мардикорӣ ҳам”, – мегӯяд, ӯ.

Қаҳрамони мо барои такмили малака ва гирифтани маълумоти олӣ  ба Филиали Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ихтисоси муҳандис ҳуҷҷат супоридааст. Ӯ умед дорад, ки қабул мешавад.

Ҳамчунин Мавзуна ният дорад, ки барои васеъ кардани доираи фаъолияти хеш дар шаҳри Бӯстон низ коргоҳи таъмири автомобил кушояд. Ӯ мегӯяд, ки лоиҳаи кораш алакай омода аст. Агар он дастгирӣ ёбад, ба сохтмони коргоҳи нав оғоз мекунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend