Додгоҳи шаҳри Хуҷанд соҳиби тарабхонаи “Golden Fish”-ро барои вайрон кардани талаботи қонунгузории танзими ҷашну маросим ба маблағи 117 ҳазор сомонӣ ҷарима намудааст. Дар ин бора Азия-Плюс хабар медиҳад.
Тибқи иттилои санадҳои додгоҳӣ, ҳукм 12 марти соли ҷорӣ содир шуда, нисбат ба соҳибкоре, ки ҳамчун мудири ҶДММ “Маҷмааи Маҳастӣ” фаъолият мекунад, татбиқ гардидааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ аз баргузории зодрӯзи мудири як мактаби русии шаҳр дар тарабхонаи мазкур огоҳ буда, барои гузаронидани он шароит фароҳам овардааст.
Гуфта мешавад, ки ин маърака шоми 16 феврал бо иштироки 12 нафар баргузор шудааст. Ба иттилои додгоҳ, ҳангоми ворид шудани масъулон соҳибкор кӯшиш кардааст, ҷашнро пинҳон намояд ва аз меҳмонон хостааст, туҳфаҳои худро аз дохили тарабхона берун бароранд.
Дар натиҷа, нисбат ба соҳибкор бо иттиҳоми риоя накардани талаботи қонуни танзим ва вайрон кардани тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим (моддаи 481, қисми 4-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ) парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, суд ӯро ба пардохти 1 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (117 ҳазор сомонӣ) муваззаф кардааст.
Дар мурофиа соҳибкор гуноҳи худро қисман эътироф намуда, изҳори пушаймонӣ кардааст ва гуфтааст, ки ин амал аз беэътиноӣ сар задааст. Назари ӯ ба расонаҳо дастрас нест.
Ҳамзамон, сарнавишти мудири мактаб, ки зодрӯзаш таҷлил шудааст, то ҳол маълум нест. Мақомоти додгоҳӣ низ дар ин хусус шарҳи иловагӣ надодаанд.
